-
Қалибоф: Хиёнат ба хости мардуми Амрико, кобусе барои Вашингтон хоҳад буд
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ навишт: Агар ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба иродаи умумии худ барои хизмат ба хӯҷаинон ва баҷгирони байналмилалӣ хиёнат кунад, хоҳад фаҳмид, ки «не»-и мо бо як кобус ҳамроҳ аст.
-
Сарлашкар Ризоӣ: Ҷавоби Амрико ба талаботи Эрон қаноатбахш набуд
Дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ гуфт: Ҷавоби Амрико ба ҳуқуқ ва талаботи Эрон қаноатбахш набуд ва онҳо бояд ба ҳафт шарти Эрон пурра ва сареҳ ҷавоб дода, ба он амал кунанд.
-
Салимӣ: Эрон қудрати зарба задан ба тамоми манфиатҳои Амрикоро дар ҳар ҷуғрофиё дорад
Намояндаи Маҷлис гуфт: Амрико бояд донад, ки Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз аз қудрат ва тавон бештар бархӯрдор аст ва метавонад ба тамоми манфиатҳои ин кишвар, дар ҳар густараи ҷуғрофиёе ки худаш муайян кунад, зарба ворид кунад.
-
Мухбир: Ваҳшонияти Амрико ҷаҳонро ба сӯи боздорандагии атомӣ бурд
Машовар ва ёвари Роҳбари муаззам гуфт: Ваҳшонияти амрикоӣ ниҳодҳои байналмилалиро заиф кард ва рақобатро барои дорои бомбаи атомӣ дар ҷаҳон рӯзафзун кард.
-
Чор ҳазору сию ду ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ Арабистони Саудӣ ба Яман
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон кард, ки маҷмӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ Арабистони Саудӣ алайҳи Яман аз замони оғози шадидшавии таниш ба 4032 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ расидааст.
-
Аксарияти Маҷлиси Сенати Амрико ба дасти демократҳо афтод
Бо ба даст овардани пирӯзиҳои нав дар иёлатҳои муҳими Амрико, аксарияти Маҷлиси Сенати ин кишвар ба дасти демократҳо афтод.
-
Даъвои нави режими Ҷулонӣ алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон
Вазорати корҳои дохилии режими террористии Абомуҳаммад Ҷулонӣ даъво кард, ки тарҳи террористии як ҳастаи вобаста ба Ҳизбуллоҳро барои ҳадаф қарор додани полоишгоҳи Ҳимс хунсо кардааст.
-
Эътирофи Трамп: Ҷанг алайҳи Эрон яке аз омилҳои шикаст дар интихобот буд
Раисҷумҳури Амрико ба таъсиргузории ҷангзаданиҳо алайҳи Эрон бар шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи ин кишвар эътироф кард.
-
Илҳон Умар, намояндаи демократи Миннесота дар интихобот пирӯз шуд
Илҳон Умар, намояндаи мусалмони Ҳизби демократ бо шикаст додани рақиби ҷумҳурихоҳи худ дар интихоботи ҳавзаи панҷуми иёлати Миннесота барои давраи панҷум ба Маҷлиси намояндагони Амрико роҳ ёфт.
-
Шаҳрдори Ню-Йорк: Тағйироти сиёсии Амрико тоза оғоз шудааст
Шаҳрдори Ню-Йорк бо ишора ба шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи Конгресс гуфт, ки масири тағйироти тоза оғоз шудааст.