-
Баёнияи матбуотӣ оид ба ҷаласаи чорҷониба дар бораи амният ва суботи минтақавӣ
Баёнияи матбуотӣ оид ба ҷаласаи чорҷонибаи Эрон, Покистон, Туркия ва Арабистони Саудӣ дар бораи амният ва суботи минтақавӣ нашр шуд.
-
Қаҳрамонии гуштии юнонӣ-румӣ зуҳури иродаи миллатест, ки бовар дорад ҳақро бояд гирифт.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён он ки қаҳрамонии шумо зуҳури ирода ва ҳиммати миллатест, ки бовар дорад ҳақро бояд гирифт, таъкид кард: Эрон бо ҷавононаш сарбаланд ва устувор мемонад.
-
Генерал-майор Абдуллоҳӣ: ҳеҷ киштии қонуншикан амният нахоҳад дошт
Роҳбари Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон гуфт: Қувваҳои баҳрӣ ва заминии сипоҳ нисбат ба соҳилҳои Халиҷи Форс, ҷазираҳо ва Танги Ҳурмуз тасаллут ва ишрофи комил доранд ва ҳар гуна ҳаракат дар ин минтақа таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
-
Генерал-майор Ризоӣ: амният дар Осиёи Ғарбӣ бояд дохилӣ бошад
Котиби Шӯрои олии амнияти миллӣ гуфт: амният дар Осиёи Ғарбӣ бояд дохилӣ бошад, аз ҳар гуна дахолати хориҷӣ бояд пешгирӣ шавад.
-
Табрики Пезешкиён дар пайи пирӯзии Лула да Силва дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия
Раисҷумҳур дар паём пирӯзии ҷаноби Лула да Силваро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия табрик гуфт.
-
Айзенкот: Нетаняҳу медонад, ки Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ядроӣ надоштааст
Рақиби асосии интихоботии сарвазири режими сионистӣ, дар ҳоле ки ӯро дар олами хаёлӣ зиндагӣ кардан гуфт, таъкид кард, ки Нетаняҳу медонад, ки Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ядроӣ дар ихтиёр надоштааст.
-
Вазири умури хориҷии Умон: амнияти Халиҷи Форс бе иштироки Эрон имконнопазир аст
Вазири хориҷии Умон бар зарурати ташаккули як чаҳорчӯбаи фарогири амниятӣ дар минтақаи Халиҷи Форс, ки ҳашт кишвари соҳилии ин минтақа, аз ҷумла шаш кишвари узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, Ироқ ва Эронро дарбар гирад, таъкид кард.
-
Такроран матраҳ шудани айбҳои ҷинсӣ алайҳи Трамп дар остонаи интихоботи Амрико
Дар остонаи интихоботи миёнамуҳлати Амрико бори дигар нигоҳҳо ба сӯи парвандаи ҷинояткори маъруфи ҷинсии ин кишвар ва иртиботи Трамп бо ӯ ҷалб шудааст.
-
Сенатори амрикоӣ: нажодпарастии Трамп нафратангез аст
Сенатори маъруфи амрикоӣ ҳамлаҳо ва тарғибот алайҳи мусалмонон дар ҷараёни маъракаҳои интихоботии ин кишварро интиқод кард.
-
Артиши Амрико ба кандани қабрҳои муваққатӣ шурӯъ кард
Defense News аз иҷрои машқи артиши Амрико барои кандани шумораи зиёди қабрҳо дар шароити ҷангӣ хабар дод.