Тибқи гузориши хабаргузории Абно, рӯзномаи Times of Israel ба нақл аз нашрияи амрикоии New York гузориш дод, ки Ҷаред Кушнер, домоди Трамп ва фиристодаи махсуси Амрико огоҳ кард, ки режими сионистӣ дар сурати идомаи амалҳояш алайҳи навори Ғазза ба давлати радшуда дар арсаи байналмилалӣ табдил хоҳад ёфт
Вай афзуд, ки режими сионистӣ дар назди ду роҳ истодааст. Аз як тараф метавонад аз амалиёти 7 октябр баромада, бехатартар ва ҳамоҳангтар бо ҷаҳон шавад ва аз тарафи дигар равиши кунунии худро идома диҳад, ки боиси табдил ёфтан ба давлати радшуда дар арсаи байналмилалӣ мешавад
Times of Israel гузориш дод, ки ин суханони Кушнер бо сабаби ҷойгоҳи вай дар ҳизби Ҷумҳурихоҳ аҳамияти хосса дорад
Your Comment