23 Ноябр 2026 - 11:39
Source: ABNA
Муқовимати Ғазза: Сарнавишти ҷосусони Исроил қатл аст

Пойгоҳи хабарӣ-иттилоотии нерӯҳои амниятӣ дар Навори Ғазза аз идомаи раванди мубориза бо ҷосусони режими сиюнистӣ дар ин навор хабар дод.

Ба гузориши хабарии Абно ба нақл аз Алҷазира, пойгоҳи Ҳорис, ки ба нерӯҳои амниятии муқовимати мустақар дар Навори Ғазза вобаста аст, эълом кард, ки дирӯз як маздури дигар ва як унсури режими сиюнистӣ дар ин навор қатл шуд. Ин пойгоҳ таъкид кард, ки шахси мазкур ба хадамоти ҷосусӣ-иттилоотии режими сиюнистӣ иттилоот ироа карда буд, ки дар ниҳоят боиси шаҳодати шуморе аз фаластиниён шуд.

Пойгоҳи Ҳорис таъкид кард, ки сарнавишти хоинҳо ва унсурҳои ҷосус қисос ва таҳаққуқи адолат аст ва ваъдаҳои Исроил дар бораи ҳимояти онҳо дурӯғи маҳз аст.

Ториқу-л-Астал, масъули шаҳрдории Хон-Юнус низ таъкид кард, ки хонаводаҳои фаластинӣ ва ашойири Навори Ғазза бо қудрат аз ҳар иқдоме дар ҷазои унсурҳои ҷосус ҳимоят мекунанд. Қисоси ин унсурҳо воҷиб аст ва нерӯҳои амниятӣ бояд бар асоси иқдомоти қонунӣ ин роҳро идома диҳанд.

Дирӯз низ манбаъе дар нерӯҳои бо номи Родеъ, ки маъмури мубориза бо маздурони режими сиюнистӣ ҳастанд, таъкид кард, ки парвандаи беш аз 180 тан аз унсурҳои Исроил дар Навори Ғазза баста шуд ва инҳилоли ин гурӯҳакҳо бо суръати баланд дар ҳоли анҷом аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha