Ба гузориши хабаргузории АБНА бо истинод ба Ал-Масира, вазорати беҳдошти Яман эълон кард, ки дар ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба як хонаи истиқоматӣ дар минтақаи Ал-Барҳ дар ноҳияи Мақбанаи Таиз, 12 шаҳрванди ғайринизомӣ шаҳид шуданд, ки бештари онҳо занону кӯдакон ҳастанд
Бар асоси ин гузориш, дар ин ҳамла ки хонаи «Тавфиқ Ал-Қауз» шаҳрванди Яманро ҳадаф қарор дод, се нафар низ захмӣ шуданд, ки ҳолати онҳо вазнин аст
Ин ҷиноят дар ҳоле содир шудааст, ки манбаъҳои арабӣ эълон карданд, ки парвозҳо дар фурудгоҳи Ад-Даммом дар шарқи Арабистони Саудӣ бори дигар пас аз ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Яман қатъ шудаанд
Your Comment