Ба гузориши хабарагентии Абно ба нақл аз The National Scot, тақрибан 200 нафар аз кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Эдинбург, дар солгарди амалиёти ифтихорноки Тӯфони Ақсо алайҳи режими сионистӣ дар 7 октябри соли 2023, дар ҷамъомади эътирозӣ ба равобити ин донишгоҳ бо ишғолгарони кӯдаккуш ва «ҳамдастӣ дар наслкушӣ»-и Ғазза ширкат карданд.
Эътирозкунандагон эълом карданд, ки аз дархостҳои такрории давоми 3 соли гузашта аз донишгоҳ барои қатъ кардани равобиташ бо ширкатҳои сионистӣ ба танг омадаанд.
Ин эътироз дар идомаи маҷмӯаи иқдомоти пешина алайҳи қарорҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои донишгоҳ сурат мегирад; иқдомоте, ки шомили деворнависӣ бар рӯи биноҳои донишгоҳ ва имзои таномаҳое будааст, ки дар онҳо аз донишгоҳ дархост мешавад «фавран сармояҳои худро хориҷ кунад» ва «ба тамоми қарордодҳо» бо ширкатҳои ҳамдасти сионистҳо, «поён диҳад».
Your Comment