26 Август 2026 - 11:38
Source: ABNA
Шаҳодати 4 фаластинӣ дар шимоли ноҳияи Ғазза

Манбаъҳои хабарӣ аз шаҳодати чор фаластинӣ дар ҳамлаи бесарнишини режими сионистӣ ба шимоли ноҳияи Ғазза хабар доданд.

Ба гузориши агентии иттилоотии Абна ба нақл аз агентии иттилоотии Шиҳоб, бесарнишинҳои режими сионистӣ як гурӯҳ ғайринизомиёнро дар назди мактабҳои «Абу Ҳусейн», ки макони истиқомати гурезагони фаластинӣ дар лагери Ҷабалия мебошад, ҳадаф қарор доданд.

Тибқи ин гузориш, дар ин ҳамла то ҳол чор нафар ғайринизомиёни фаластинӣ шаҳид ва якчанд нафар дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Маҷрӯҳон ва ҷасадҳои шаҳидони ин ҳамла ба беморхонаи Шифо интиқол дода шудаанд.

Режими сионистӣ аз замони барқарории оташбас дар Ғазза, борҳо созишномаи оташбасро вайрон карда ва таҷовузи худро ба ноҳияи Ғазза идома додааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha