Ба гузориши агентҳои хабарӣ «Абно», Ҷаред Кушнер, мушовири аршад ва домоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News бо даъвои он ки нигарониҳои Исроил қобили қабул аст, илова кард, ки Тел-Авив ин нигарониҳоро матраҳ карда ва Вашингтон тавонистааст онҳоро баррасӣ ва баъзе суътафоҳумҳо дар бораи ин нақшаро бартараф кунад.
Вай дар идомаи даъвоҳои худ илова кард, ки дар музокирот бо Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири Исроил, дар бораи халъи силоҳи Ғазза пешрафти назаррас ба даст омадааст.
Кушнер бори дигар бо пуштибонии пурра аз режими Тел-Авив даъво кард, ки дар сурати мавҷудияти ҳар гуна таҳдиди наздик, ИМА ҳуқуқи Исроилро барои дифоъ аз худ маҳдуд нахоҳад кард.
Вай инчунин гуфт: «Мо метавонем дар 30 рӯз пешрафтро бинем ва умедворем, ки дар 60 то 90 рӯз, раванди хориҷ кардани силоҳ оғоз шавад ва пешрафт ҳосил шавад».
Кушнер идома дод, ки дидори мо бо Ҳамос «бисёр дӯстона» буд ва онҳо ҳарфҳои дуруст заданд; ба ҳамин далел ба онҳо имконият хоҳем дод то ин исбот кунанд.
Вай бо такрори ин изҳороташ, ки "Ҳамос ҳарфҳои дуруст зад", ҳамзамон бо террористӣ хондани ин ҷунбиши муқовимат, ки ба таври қонунӣ дар садади ҳаққоқии ҳуқуқҳои мардуми Фаластин аст, даъво кард: «Аммо ба як созмони террористӣ, ки чунин ҷиноятҳо кардааст, бовар кардан душвор аст».
Кушнер бо иброри ин ки «ҳама чиз ба амалҳои Ҳамос ва амалҳои амалии он вобаста хоҳад буд», гуфт: «Умедворам, ки онҳо дар изҳороташон ростгӯ бошанд».
Вай инчунин гуфт: «Пешрафт метавонад хеле зуд ҳосил шавад, аммо ба ҳамкории ҳар ду тараф ниёз дорем ва умедворем, ки метавонем пешравӣ кунем».
Дар ҳамин росто, як мақоми амрикоӣ, ки ба номаш ишора нашудааст, ба пойгоҳи хабарӣ Axios гуфт, ки Кушнер ба Нетанёҳу гуфтааст, ки дидори охирини ӯ ва Стив Виткофф, фиристодаи махсуси Трамп дар умури Ховармиёна бо роҳбарони Ҳамос ба тавофуқе оварда, ки бар асоси он, ҳамаи асирони исроилӣ озод шаванд.
Ин мақоми амрикоӣ илова кард, ки Кушнер ба Нетанёҳу таъкид кардааст, ки шунидани мустақими дидгоҳи роҳбарони Ҳамос дар бораи омодагии онҳо ба халъи силоҳ аҳамият дорад.
Your Comment