Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз хабаргузории «Шиҳоб», манобеи фаластинӣ эълом карданд, ки даҳҳо бунёдгузор имрӯз якшанбе бо пуштибонӣ ва ҳамроҳии низомиёни режими сионистӣ ба Масҷидулақсо ҳуҷум оварданд.
Баъзе манобеи маҳаллӣ хабар доданд, ки 179 бунёдгузор ба ҳамроҳи чанд раввин бо ҳуҷум ба Масҷидулақсо, дар қисмати шарқии ин масҷид ба баргузории маросими талмудӣ пардохтанд.
Режими сионистӣ дар солҳои ахир, тадбирҳои худро барои яҳудӣ сохтани Қудси Шарқӣ аз ҷумла Масҷидулақсо ва маҳв кардани ҳувияти арабӣ ва исломии ин шаҳр ташиддод кардааст.
Қатъномаҳои байналмилалӣ таъкид доранд, ки Қудси Шарқӣ бояд пойтахти давлати мустақили Фаластин бошад. Ин қатъномаҳо, ишғоли ин шаҳр аз ҷониби режими сионистӣ дар соли 1967 ва ҳамроҳ кардани онро дар соли 1980 ба расмият намешиносанд.
Your Comment