Ба иттилои хабаргузории «Абна», манобеи расмии Покистон рӯзи якшанбе ба расонаи туркии Анадолу гуфтанд: миёнҷиён – Покистон ва Қатар – пас аз он ки ҳар ду тараф посухҳои худро ба формулаи муштарак барои ба охир расонидани ҷанги чандмоҳаи худ ирсол карданд, мубодилаи паёмҳо байни Иёлоти Муттаҳида ва Эронро шиддат бахшидаанд.
Ин манобеъ илова карданд, ки ин таҳаввул пас аз он рух дод, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пас аз ду ҳафта ҳамлаҳои пайдарпайи шабона, амр ба боздоштани ҳамлаҳои таҷовузкорона дод.
Ба гуфтаи як масъули огоҳ, аввали ин ҳафта, Исломобод ва Доҳа формулаи муштараки коҳиши шиддатро пешниҳод карданд ва аз Амрико ва Эрон хоҳиш карданд, ки «ҳамчун қадами аввал» ба мавқеъҳои пеш аз 9 июл баргарданд, то гуфтушунидҳои бозмондаро барои ба охир расонидани доимии низоъ аз сар гиранд.
Ҳарчанд манобеъ ҷузъиёти посухҳоро шарҳ надоданд, гуфтанд, ки ҳар ду тараф розӣ будани худро ба гуфтугӯ ва дипломатия барои ба охир расонидани душманиҳои охирин ва баргаштан ба мизони музокирот эълон кардаанд.
Ин манобеъ гуфтанд, ки боздоштани ҳамлаҳо аз ҷониби ҳар ду тараф, умедҳоро барои аз сар гирифтани гуфтушунидҳои бозмонда афзоиш додааст.
Your Comment