1 Июл 2026 - 12:39
Source: ABNA
Ҳамлаҳои бидуни сарнишини режими сионистӣ ба Ғазза; се фаластинӣ шаҳид шуданд

Дар идомаи вайрон кардани оташбас аз ҷониби режими сионистӣ, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба минтақаҳои гуногуни навори Ғазза ба шаҳодати се фаластинӣ, аз ҷумла як кӯдак ва захмӣ шудани 19 нафари дигар оварда расонд.

Ба гузориши агентӣ хабарӣ «Абна», ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини артиши режими сионистӣ ба минтақаҳои гуногуни навори Ғазза рӯзи сешанбе бегоҳ ба шаҳодати ҳадди ақал се фаластинӣ, аз ҷумла як кӯдак, ва захмӣ шудани 19 нафари дигар оварда расонд.

Манбаъҳои тиббӣ ва шоҳидони айнӣ эълом карданд, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини режими сионистӣ ба минтақаи Ал-Мавасӣ, дар ғарби Хон Юнис, се шаҳид ва 17 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ҳамчунин дар шимоли навори Ғазза, ду фаластинӣ дар ду ҳамлаи алоҳидаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба хонаҳои истиқоматӣ дар минтақаи Ал-Фалуҷа дар урдугоҳи Ҷабалия ва маҳаллаи Шайх Ризвон дар шаҳри Ғазза ба таври ҷиддӣ захмӣ шуданд.

Шоҳидон таъкид карданд, ки ин ҳамлаҳо минтақаҳоеро ҳадаф қарор додаанд, ки берун аз доираи истиқрори нерӯҳои режими сионистӣ ва шомили созишномаи оташбас мебошанд.

Дар ҳамлаи дигар, нерӯҳои ёрирасон ҷасади як фаластиниро, ки дар ҳамлаи ҳавоии пешини режими сионистӣ дар наздикии майдони Кувейт дар маҳаллаи Аз-Зайтун дар шаҳри Ғазза ба шаҳодат расида буд, аз зери харобазор берун оварданд.

Вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, ки дар натиҷаи вайрон кардани пай дар пайи созишномаи оташбас аз ҷониби режими сионистӣ, то ҳол 1,053 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 3,406 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон, ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамас бо истиқболи истиқрори нерӯҳои байналмилалӣ дар навори Ғазза, изҳори умед кард, ки ин амал заминаи ҷудо кардани ғайринизомиёни фаластиниро аз нерӯҳои ишғолгар ва ба охир расонидани таҷовузҳо ва вайронкориҳои пай дар пайи режими сионистӣ хоҳад шуд.

Мувофиқи гузоришҳо, мошинҳо ва таҷҳизоти логвистикии нерӯҳои байналмилалии субот дар доираи нақшаи оташбас ба навори Ғазза ворид шудаанд ва тасвирҳои интишоршуда ворид шудани ин таҷҳизотро ба минтақа нишон медиҳанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha