Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна», низомиёни сионистӣ ба хароб кардани биноҳои истиқоматӣ дар назди маҷмааи исломӣ дар минтақаи «Банӣ Суҳайл», ки дар шарқи шаҳри Хон Юнус, дар ҷануби навори Ғазза ҷойгир аст, даст заданд.
Манбаъҳои фаластинӣ инчунин аз ҳуҷуми нерӯҳои сионистӣ ба лагерҳои «Ал-Ҷалзун» дар шимоли Рамаллоҳ ва «Ад-Дуҳейша» дар ҷануби Байтуллам хабар доданд.
Манбаъҳои зикршуда инчунин эълом карданд, ки ғарби «Байт Лаҳия» дар шимоли навори Ғазза зери оташи тӯпхонаи артиши Исроил қарор гирифтааст.
Инчунин дар натиҷаи тирандозии шабонаи низомиёни сионистӣ ба сӯи сокинони Байт Лаҳия дар шимоли Ғазза, як духтарчаи 3-солаи фаластинӣ маҷрӯҳ шуд.
Минтақаҳои фаластинӣ, аз ҷумла навори Ғазза ва соҳили ғарбӣ, ҳар рӯз шоҳиди амалҳои таҷовузкорона ва ҳамлаҳо ва ҳуҷумҳои низомиёни исроилӣ ва боздошти фаластиниҳо ва озоррасонии онҳо аз ҷониби нерӯҳои сионистӣ мебошад.
Your Comment