Ба гузориши агентсии хабаргузории АБНА ба нақл аз Алҷазира, вазири ҷанги режими сиёнистӣ, ки ба назар мерасад аз паёми таҳдидомизи Сардор Исмоил Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ошуфта ва нигарон шудааст, дар шабакаи иҷтимоии X ба забони форсӣ навишт: Қоонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Ирон, охирҳо таҳдидҳои пайдарпай бар зидди Исроил матраҳ кардааст.
«Исроил Котс» дар идомаи гапҳои беасоси худ даъво кард: ба ҳар ҳол, агар Ирон ба Исроил ҳамла кунад, ин бузургтарин хатое хоҳад буд, ки то ҳол содир кардааст.
Вай инчунин даъво кард: на Ҳурмуз ба онҳо ёрӣ медиҳад ва на ҳамла ба ғайринизомиён, ҳеҷ чиз моро бознамедорад ва нерӯҳои мо омодаанд, ки корро ба анҷом расонанд.
Сардор Исмоил Қоонӣ бо нашри паёме дар саҳифаи шахсии худ ба сиёнистҳо ҳушдор дод: сиёнистҳо бидонанд; онҳое, ки бо шумо рӯ ба рӯ истодаанд ва мубориза бурдаанд, эй Язидиён, бо рӯҳияи ошуроӣ ва имони ҳусайнӣ, ҳамон эътиқоди ҷовидонаро дар ҷон доранд, ки: ҳар рӯз ошӯрост ва ҳар замин Карбалост.
Сардор Қоонӣ иброз дошт: шумо сиёнистҳо бояд тамоми Лубнонро тарк кунед; зеро ин замин майдони пойдорӣ ва муқовимат аст, на ҷойи бозигарии ишғолгарон.
Вай афзуд: агар сиёнистҳо имрӯз бо ихтиёри худ ақибнишинӣ накунанд, фардо бо хорӣ ва шикаст ногузир ба гурез хоҳанд шуд.
Вай гуфт: соли 2000-и мелодӣ ва васияти таърихии шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳро дар Бинт Ҷабил фаромӯш накунед; он ваъда ҳанӯз зинда аст ва шубҳае нест, ки бори дигар ҳамон манзара такрор хоҳад шуд.
Your Comment