18 Июн 2026 - 11:35
Source: ABNA
Иқрор кардани Исроил ба талафоти сангин дар Лубнон / Ҳизбуллоҳ афсарони барҷастаро шикор кард

Артиши режими сионистӣ бо иқрор ба ҳалокати яке аз афсарони дивизияи 36 дар ҷануби Лубнон, аз маҷрӯҳ шудани ҷонишини фармондеҳи ин дивизия бо дараҷаи полковник ва яке аз фармондеҳони бригадаи логистикии низомиёни ишғолгар хабар дод.

Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна» ба нақл аз расонаи иттилоърасонии муқовимат, режими сионистӣ ба талафоти сангин дар миёни низомиёни худ дар ҷабҳаи ҷанубии Лубнон дар 24 соати гузашта иқрор кард.

Бар асоси ин гузориш, артиши режими сионистӣ эълом кард, ки иҷозати интишори хабари кушта шудани «Александр Филин» – яке аз низомиёни дивизияи 36 бо дараҷаи сержанти якум – бар асари таркиши бомба дар минтақаи Литонӣ дода шуд.

Ҳамчунин ҷонишини фармондеҳи дивизияи 36-и артиши ишғолгар бо дараҷаи полковник ва фармондеҳи гардони бригадаи логистикии 556 ва яке аз захирачиён маҷрӯҳи миёна шудаанд. Дар ин ҳодиса як афсар, ду низомии захиравӣ мард ва як низомии захиравӣ зан низ маҷрӯҳи сабук шудаанд.

Канали 12-и Исроил эълом кард, ки ҳодисае, ки дар он як низомии исроилӣ кушта шуд ва 7 низомии дигар аз ҷумла ҷонишини фармондеҳи дивизияи 36 маҷрӯҳ шуданд, соати 5-и бегоҳи рӯзи чоршанбе дар деҳаи Таиба дар ҷануби Лубнон рух дод ва арзёбӣҳо нишон медиҳад, ки нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ба ин деҳа ворид шудаанд ва масири корвони низомиёни исроилиро минагузорӣ кардаанд.

Ин ҳодисаи сахт барои низомиёни ишғолгар, танҳо чанд соат пас аз маҷрӯҳ шудани 5 низомии дигар дар пайи ҳамлаи Ҳизбуллоҳ бо ду ҳавопаймои бесарнишини тарканда ба як ягонаи низомӣ ва нерӯҳои ёрии расонӣ ба ин ягона рух дод ва ҳолати баъзе маҷрӯҳон вазнин гузориш шудааст.

Яке аз расонаҳои ибрӣ низ гузориш дод: Ҳизбуллоҳ афсарони барҷастаи исроилиро дар Лубнон шикор кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha