18 Июн 2026 - 11:33
Source: ABNA
Расонаи сионистӣ: Раъйдиҳандагони Нетанёҳу мушкили равонӣ доранд

Як расонаи сионистӣ раъйдиҳандагони Нетанёҳуро гирифтори ихтилоли равонӣ хонд.

Ба гузориши агентӣ хабарии «Абна» ба нақл аз шабакаи «Ал-Маядин», як расонаи сионистӣ дар интиқоди сахт ба Бинёмин Нетанёҳу, сарвазири режими Исроил эълом кард: «Кадом девонае ба Нетанёҳу раъй хоҳад дод? Ё аз ҷиҳати равонӣ солим нест ё аблаҳ аст».

Ин расона бо пешниҳоди ин суол, интиқодҳои шиддатнокиро ба самти фаъолияти кабинети Нетанёҳу ва сиёсатҳои ӯ равона кардааст.

Изҳороти баёншуда, инъикосгари шиддат гирифтани шикофҳо ва интиқодҳои дохилӣ дар режими Исроил нисбат ба фаъолияти кабинети Нетанёҳу, бахусус дар заминаи ҷанг, масъалаҳои амниятӣ ва таҳаввулоти сиёсии охир мебошад.

Ин хабар пас аз он нашр мешавад, ки бар асоси охирин назарсанҷии анҷомшуда дар сарзаминҳои ишғолӣ, Нетанёҳу ва иттифоқчиёни ӯ аз камтарин мақбулият дар сарзаминҳои ишғолӣ бархӯрдоранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha