Ба гузориши агентии хабарии Абно ба нақл аз Ал-Манар, расонаҳои ибрӣ хабар доданд, ки Ҳизбуллоҳ доираи амалиётҳои худро ҳамзамон бо авҷ гирифтани таҷовузҳои режими сионистӣ алайҳи Лубнон васеъ кардааст.
Бар асоси ин гузориш, доираи ҳамлаҳои интиқомии Ҳизбуллоҳ Акко ва Ҳайфаро низ дар бар мегирад, ба тавре ки бори нахуст аз замони оташбаси ба истилоҳи Лубнон, доираи оташи Ҳизбуллоҳ ба масофати 40 километр расидааст.
Пеш аз ин артиши режими сионистӣ эълом карда буд, ки сиренаҳои хатар дар Акко ва Ҳайфа, ки дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ қарор доранд, фаъол шудаанд.
Қобили зикр аст, ки таҷовузҳои ваҳшиёнаи заминӣ ва ҳавоии режими сионистӣ алайҳи Лубнон то ҳол 3 ҳазору 371 шаҳид ва 10 ҳазору 129 захмӣ барҷой гузоштааст.
Your Comment