Ба гузориши агентии иттилоотии «Абно» ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ "Ал-Аҳд", "Сайид Абдулмалики Ҳусӣ" раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки шаҳодати фармондеҳи ҷиҳодӣ «Муҳаммад Ӯда» дар набард бо ҷабҳаи «куфр, ҷиноят ва тундарӣ», варақаи дигар ба корномаи дурахшони муҷоҳидони гурдонҳои Қассом илова кардааст.
Ҷунбиши Ҳамас имрӯз чоршанбе тасдиқ кард, ки шаҳид Ӯда, фармондеҳи гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассоми шохаи низомии ин ҷунбиш шаҳид шудааст.
Девони сиёсии Ансоруллоҳ: Таррори шаҳид Ӯда, ҷинояти дигар дар корномаи Исроил аст
Девони сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман эълом кард, ки таррори шаҳид «Муҳаммад Ӯда» аз фармондеҳони муқовимати Фаластин, ҷинояти дигар дар идомаи силсилаи ҷиноятҳои режими сионистӣ алайҳи миллати Фаластин аст.
Ин ниҳоди яманӣ дар изҳорот таъкид кард: Ин ҷиноят ҳаргиз ирода ва пойдории муҷоҳидониро суст нахоҳад кард, балки бо назардошти фидокориҳои бузурги онҳо дар роҳи Қудс, инҳиҷом ва қуввати онҳо фузун хоҳад гирифт.
Ин ҷунбиш инчунин эълом кард, ки ташдиди ҳамлаҳо алайҳи Лубнон, дар чаҳорчӯби талош барои фироризӣ аз оқибатҳои пирӯзиҳои меҳвари муқовимат дар баробари сионистҳо ва амрикоиҳост.
Девони сиёсии Ансоруллоҳ дар идома бо таҳсин аз силсилаи амалиёти муқовимати Лубнон таъкид кард: Муҷоҳидони Ҳизбуллоҳ бо силсилаи амалиётҳо ва шуҷоатҳои худ, дарсҳои сахт ба душман медиҳанд ва таъми нотавонӣ ва шикастро ба онҳо мечашонанд.
Your Comment