Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Маядин, вебсайти сионистии «Срогим» ошкор сохт, ки ниҳодҳои амниятии артиши режими сионистӣ ҳушдорҳое барои мақомоти баландпояи шаҳраксозӣ ва сардорони сиёсии ин режим садур кардаанд. Ин ҳушдор дар пайи қарори кабинети сиёсӣ ва амниятии Тел-Авив барои тасвиби эҷод ва танзими вазъи тақрибан 40 шаҳраки нав дар соҳили ғарбӣ пешниҳод шудааст.
Тибқи гузориши мухбири шабакаи «Ай 24 Ньюз», артиши режими сионистӣ ҳушдор додааст, ки дар муддати муътақил қодир ба таъмини ҳимояти кофӣ барои шаҳракҳои нави сионистӣ нахоҳад буд.
Ин гузориш шарҳ дод, ки ин ҳушдор дар асоси баровардҳои амалиётӣ мебошад, ки нишон медиҳанд, ки дар сурати ҳамла ба яке аз шаҳракҳо аз деҳаҳои ҳамсояи фаластинӣ, нерӯҳои амниятии режими сионистӣ ба вақти зиёд эҳтиёҷ хоҳанд дошт, то ба макон расида ва кӯмакҳои тиббӣ ва амалиётӣ пешниҳод намоянд.
Ин гузориш инчунин ишора кард, ки ниҳодҳои низомӣ бевосита бо намояндагони шаҳракнишинон тамос гирифта ва ба хотири нигарониҳои амниятии вобаста ба онҳо, хостори ихроҷи баъзе нуқтаҳои шаҳраксозӣ шудаанд.
Дар асоси эълони манобеъи огоҳ, шахсиятҳои маъруфи шаҳракнишинони сионистӣ дар соҳили ғарбӣ дархостҳои артиши ин режимро рад карда ва бар ҳифзи ин нуқтаҳо ба ҳамон шакл устуворӣ кардаанд.
Ин вокеа дар шароите рух медиҳад, ки шиддатҳои амниятӣ дар соҳили ғарбӣ, ҳамзамон бо идомаи густариши шаҳраксозӣ ва ихтилофот дар дохили маҳфилҳои амниятии режими сионистӣ дар бораи қобилияти таъмини амнияти шаҳракҳои нав ва пешгирии вуқӯи амалиёти нави монанди амалиёти 7 октябр шадид гардидааст.
Артиши режими сионистӣ иқрор кард, ки ҳимояи шаҳракҳои нави сионистӣ дар соҳили ғарбӣ хеле мушкил аст.
Your Comment