Ба гузориши агентии АБНА, рӯзномаи Йедиот Аҳаронот хабар дод, ҷомеаи сионистон ба даргирии шаҳрвандӣ наздик мешаванд.
Дар ин гузориш омадааст, гурӯҳбандиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таҳдиди бузургтар ба шумор мераванд.
Ин рӯзномаи ибрӣ забон таъкид кард, 30 дарсади сионистон ба фикри тарки сарзаминҳои ишғолӣ мебошанд.
Ин дар ҳоле аст, ки омори воқеии сионистоне, ки дигар намехоҳанд дар сояи бесуботӣ ва ноамнӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ зиндагӣ кунанд, аз ин рақам зиёдтар аст.
Пештар низ рӯзномаи ибрии Ҳааратс эътироф кард, Итомар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режими сионистӣ муваффақ шуда полисҳои ин режимро ба бозуи сиёсии худ табдил диҳад. Ин амал бо ҳамкории Данӣ Леви, шикастхӯрдатарин бозраси кулли режими сионистӣ сурат гирифтааст.
Дар ин гузориш омадааст, дар давраи Леви полиси режими сионистӣ расман фурӯпошидааст.
Ҳааратс таъкид кард: Дар тамоми кӯчаҳо силоҳ мебинем ва шумори кушташудагон рӯ ба афзоиш аст.
Рӯзномаи ибрӣ забон ба шикофи дохилӣ дар ҷомеаи сионистон ишора кард.
Your Comment