Ба гузориши агентии АБНА, Алексей Пушков, сенатори рус гуфт: Вокуниши манфии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба посухи Эрон дар бораи ҳалли мунозишаи Ховари Миёна, метавонад Вашингтон ва Теҳронро ба сӯи ҷанги фарсудакунӣ равона кунад, аммо ҳатто дар он сурат ҳам дур аст, ки Эрон таслим шавад.
Вай афзуд: Амрико дар ҷустуҷӯи фарсудакунии низомӣ ва иқтисодии Эрон аст ва Теҳрон дар ҷустуҷӯи фарсудакунии сиёсии Трамп мебошад.
Пештар, ин сенатори маъруфи рус ба лафзиёни охирини Трамп дар бораи захираҳои урании ғанишудаи Эрон вокуниш нишон дода ва гуфта буд: Шояд Амрико битавонад захираҳои урании Эронро зери назорат гирад аммо наметавонад бидуни ризоияти Теҳрон ба он даст пайдо кунад.
Вай илова кард: Истихроҷ ва интиқоли бехатари маводи ҳастаӣ бо истифода аз амалиётҳои низомӣ қариб ғайриимкон аст. Бинобарон мо ба сулҳ, созиш дар бораи интиқоли урании ғанишуда ва барномаи амал бо Агентии байналмилалии энержии атомӣ ва ризоият ва ҳамкории пурраи тарафи муқобил, яъне Эрон ниёз дорем. Ҳеҷ яке аз ин чор шарт дар ҳоли ҳозир бароварда нашудааст.
Як сенатори рус гуфт, ки Амрико набояд ба пирӯзӣ дар ҷанги фарсудакунӣ алайҳи Эрон ҳисоб кунад.
Your Comment