Ба гузориши хабаргузории "Абно" ба нақл аз хабаргузории фаластинии "Шиҳоб", Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишастие, ки бо ташаббуси панҷ узви Шӯрои Амният аз ҷумла Дания, Фаронса, Юнон, Латвия ва Англия ва дар қолаби нишасти "Формулаи Ария" баргузор шуд, таҳаввулоти соҳили Ғарбӣ аз ҷумла Қудси ишғолшударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҳоле ки ҳукумати ИМО ба дастгирии мутлақи худ аз ҷиноятҳои режими сионистӣ дар Фаластини ишғолшуда ва минтақа идома медиҳад, нишасти мазкур ба далели набуди тавофуқ миёни аъзои Шӯрои Амният, берун аз чаҳорчӯби расмии Шӯро баргузор шуд. Ҳадафи баргузории ин нишасти ғайриэътиборӣ, ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоту масоиле буд, ки фаластиниён дар соҳили Ғарбӣ ва Қудс бо он рӯбарӯ ҳастанд.
"Макс Руденбек", директори лоиҳаи Фаластин дар Гурӯҳи баҳрани байналмилалӣ, вазъи соҳили Ғарбиро ҳаўновар тавсиф карда гуфт, ки режими сионистӣ дар тӯли чор соли гузашта 102 шаҳраки нав дар ин минтақа эҷод кардааст.
Ӯ илова кард, ки ин шумора тақрибан баробари ҳамагӣ шаҳракҳоест, ки дар тӯли 50 соли гузашта сохта шудаанд. Руденбек ҳамчунин кабинети вазирони режими сионистиро ба амалӣ намудани сиёсатҳое айбдор кард, ки иқтисоди Фаластинро ба сахтӣ заиф мекунанд.
Нишастҳои "Формулаи Ария" дар Шӯрои Амният хусусияти ғайрирасмӣ доранд ва дар охири онҳо ҳеҷ қатънома ё баёнияе ба номи Шӯрои Амният содир намешавад.
Соҳили Ғарбӣ дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамлаҳо ва амалиётҳои саркӯбонаи режими сионистӣ аз ҷумла ҳуҷумҳо, боздоштҳо, вайрон кардани хонаҳо, тирандозӣ ва истифодаи васеи зӯр буда ва ҳамзамон ҳамлаҳои шаҳракнишинон алайҳи фаластиниён ва амволи онҳо низ афзоиш ёфтааст.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти махсус, бадшавии вазъ дар соҳили Ғарбӣ ва таҳаввулоти минтақаҳои зери назорати артиши сионистиро баррасӣ кард.
Your Comment