12 Март 2026 - 14:19
Source: ABNA
Макрон: Исроил аз амалиётҳои заминӣ дар Лубнон худдорӣ кунад

Президенти Фаронса дар изҳороти нав ба таҳлили тозаёниҳои охири Лубнон пардохт ва зарурати пешгирӣ кардани низоми сиёнистӣ аз ҳар гуна амалиётҳои заминӣ дар Лубнонро таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақли шабакаи «Ал-Ҷазира», «Эммануэл Макрон» президенти Фаронса эълон кард, ки Исроил бояд аз ҳар гуна ҳамлаи заминӣ ба хокки Лубнон худдорӣ кунад.
Ӯ бе таваҷҷӯҳ ба вайрон кардани оташбас аз тарафи низоми сиёнистӣ ва бе ишора ба таҳҷумҳои такрории низоми Тел-Авив ба Лубнон даъво кард: Ҳизбуллоҳ бо кашидани Лубнон ба рӯбарӯӣ бо Исроил хатоги калон кардааст ва бояд фавран ҳамлаҳои худро қатъ кунад.
Макрон дар қисми дигари суханонаш инчунин даъво кард, ки Абу Муҳаммад Ҷулонӣ, президенти худхоҳ дар Сурия аз кӯшишҳои мақомоти Лубнон барои бозпасгирӣ назорати пурраи ҳукумат бар ҳамаи заминҳои ин кишвар дастгирӣ мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha