23 Декабр 2025 - 11:16
Source: ABNA
Эҳтимоли истизоҳи Трамп бо пирӯзии демократҳо дар интихоботи миёндуравӣ

Раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико ҳушдор дод, ки демократҳо дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи миёндуравии Конгресс, Президентро истизоҳ (импичмент) хоҳанд кард.

Бино ба гузориши хабаргузории "Абна" ба нақл аз "ТАСС", Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ва узви ҳизби Ҷумҳурихоҳ эълон кард, ки дар сурате ки ҳизби Демократ пас аз интихоботи миёндуравии соли 2026 аксарияти Конгрессро ба даст оварад, раванди истизоҳи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро оғоз хоҳад кард.

Вай гуфт: "Ҳама чиз дар маърази хатар аст ва агар аксарияти Маҷлиси намояндагонро дар интихоботи миёндуравии 2026 аз даст бидиҳем, чапи радикал Президентро истизоҳ хоҳад кард. Мо набояд иҷоза диҳем ин иттифоқ рух диҳад."

Дар моҳи декабр Эл Грин, намояндаи демократи Маҷлиси намояндагон, қатъномаеро барои истизоҳи Доналд Трамп ба Конгресс пешниҳод кард. Дар соли 2019 низ демократҳо, ки дар он замон назорати Маҷлиси намояндагонро дар ихтиёр доштанд, раванди истизоҳи Трампро оғоз карданд, аммо бо ирсоли парванда ба Сенат дар соли 2020, Трамп сафед карда шуд. Демократҳо дар соли 2021 низ талоши дигаре барои истизоҳи ӯ анҷом доданд, ки он ҳам ноком монд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha