Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маълума, Муҳаммад Тутунҷӣ, таҳлилгари сурӣ, таъкид кард, ки Туркия ва режими саҳюнистӣ ва бархе аз кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ба дунболи таҷзияи Сурия аз тариқи ҳимоят аз нақшаҳои машкук алайҳи иттиҳоди ин кишвар ҳастанд.
Вай илова кард: "Нақшаҳое, ки алайҳи Сурия тарҳрезӣ мешавад, иттиҳоди миллӣ ва ниҳодҳои ҳокимиятиро ҳадаф қарор додааст."
Тутунҷӣ тасриҳ кард: "Мудохилаҳои хориҷӣ бо ҳадафи таҳмил кардани муодилоти ҷадид дар ростои манофеи тарафҳои мазкур ва алайҳи манофеи миллати Сурия сурат мегирад."
Вай баён кард: "Гуруҳҳои миллӣ дар Сурия бояд дар баробари ин нақшаҳо биистанд. Хунсо кардани тавтеаи таҷзияи Сурия ба ҳушёрии мардумӣ ниёз дорад."
Your Comment