Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маълума, Ваъд ал-Қаду, намояндаи парлумони Ироқ, таъкид кард, ки фаъолияти гурӯҳакҳои террористии зеризаминӣ дар ин кишвар таҳдиди мустақим алайҳи амният ва суботи дохилӣ аст. Ин гурӯҳакҳо ҳамчунон дар бархе аз манотиқ фаъол буда ва аз халъаҳои амниятӣ барои ҳадаф қарор додани амният ва ба по кардани ошӯб дар Ироқ сӯистифода мекунанд.
Вай баён кард: "Нерӯҳои амниятӣ бояд амалиётҳои иттилоотии худро барои таҳти пайгарди қарор додани аъзои ин гурӯҳакҳо афзоиш диҳанд. Бархе аз онҳо дар баъзе аз манотиқ ҳамзамон бо таҳаррукоти террористӣ дар Сурия, фаъол шудаанд."
Пештар низ Мухтор ал-Мӯсавӣ, намояндаи парлумони Ироқ, нисбат ба таҳаррукоти ин гурӯҳакҳои зеризаминӣ ҳушдор дода ва хоҳони қарор гирифтани аъзои онҳо дар листҳои сиёҳи байналмилалӣ шуда буд.
Your Comment