13 Декабр 2025 - 20:20
Source: ABNA
Охирин омори шаҳидон ва маҷрӯҳони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза

Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, ки шумори шаҳидони ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ба 70 ҳазору 654 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза бо судури баёнияе ҷадидтарин омори шаҳидон ва захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри соли гузаштаи милодӣ то кунунро эълом кард.

Бар асоси эъломи Вазорати тандурустии Фаластин дар Навори Ғазза, дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 то ин лаҳза, 70 ҳазору 654 нафар ба шаҳодат расидаанд.

Ҳамчунин ин ниҳоди пизишкии фаластинӣ баён кард, ки шумори кулли захмиёни ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза аз оғози ҷанг дар ин борика ба 171 ҳазору 95 нафар расидааст.

Ин вазоратхона эълом кард, ки тайи 48 соати гузашта ҳамчунин пайкари се шаҳид ба бемористон мунтақил шудааст. Тайи ин муддат 16 нафар низ захмӣ шудаанд.

Ҳанӯз ҳазорон нафари дигар низ дар Навори Ғазза мафқуд ва зери овор ҳастанд.

Аз замони барқарории оташбас дар 11 октябри 2025, то кунун 386 нафар ба шаҳодат расида ва 1018 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муддат пайкари 628 шаҳид низ аз зери овор хориҷ шудаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha