4 Декабр 2025 - 00:27
Source: ABNA
Ройтерз: Покистон ва Афғонистон барои ҳифзи оташбас тавофуқ карданд

Ройтерз дар гузорише иддао кард: Покистон ва Афғонистон барои ҳифзи оташбас тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Ройтерз, давлати муваққати Афғонистон ва Покистон музокироти сулҳи ҷадидеро дар Арабистони Саудӣ баргузор карда ва бар ҳифзи оташбас тавофуқ кардаанд; иқдоме, ки ҷадидтарин талош барои коҳиши танишҳо миёни ин ҳамсоягон дар ҷануби Осиё ба шумор меравад.

Пас аз вуқӯъи даргириҳои марзии марговар дар моҳи октябр, дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз музокироте ба мизбонии Қатар ва Туркия, оташбас байни ду артиши ҷануби Осиё барқарор шудааст, агарчи ду тараф натавонистанд ба тавофуқи сулҳ бирасанд.

Ин хабаргузорӣ иддао кард: 3 мақоми афғон ва 2 мақоми покистонӣ, ки яке аз онҳо дар Истамбул ҳузур дорад, ба Ройтерз гуфтанд, ки музокироти ҷадид дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд! Онҳо гуфтанд, ки ҳар ду тараф пиромуни ҳифзи оташбас тавофуқ карданд.

Яке аз мақомҳои аршади давлати муваққати Афғонистон низ гуфт, ки ин музокирот ба ибтикори Арабистони Саудӣ анҷом шуд ва афзуд: Мо барои дидани натиҷаи мусбат, пазирои ҷаласоти бештар ҳастем.

Your Comment

You are replying to: .
captcha