4 Декабр 2025 - 00:23
Source: ABNA
Нахуствазири Лубнон: Дар садади музокироти сулҳ бо Исроил нестем

«Наввоф Салом» бо ишора ба ин ки давлати Лубнон паёмҳое аз режими саҳюнистӣ дар бораи эҳтимоли ташдиди таниш дарёфт кардааст, таъкид кард, Бейрут дар садади музокироти сулҳ бо Тел-Авив нест.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Ҷазира, нахуствазири Лубнон таъкид кард, ки ин кишвар дар садади музокироти сулҳ бо режими саҳюнистӣ нест ва ҳаргуна оддисозии равобит бо ин режим ҳамчунон ба раванди куллии сулҳ муртабит аст.

«Наввоф Салом» дар мусоҳиба бо шабакаи Ал-Ҷазира афзуд: Мо паёмҳое аз Исроил дар бораи эҳтимоли ташдиди таниш дарёфт кардаем, аммо дар он ба ҳеҷ бозаи замонии хоссе ишора нашудааст. Арзёбии фиристодагоне, ки аз Бейрут боздид карданд, ин аст, ки вазъият хатарнок ва бесубот аст.

Нахуствазири Лубнон бори дигар иддаои худро дар бораи зарурати халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ такрор кард ва гуфт: Мо иҷозаи моҷароҷӯиҳоеро, ки метавонад моро ба самти як ҷанги ҷадид бикашонад, нахоҳем дод.

Ин суханони Наввоф Салом дар ҳоле баён мешавад, ки режими саҳюнистӣ рӯзона ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор медиҳад ва ба нақзи оташбас идома медиҳад. Дар ҳоле ин ҳамлаҳо идома дорад, ки давлати Лубнон бо ҳимояти Амрико ба думболи халъи силоҳи муқовимат аст.

Вай ба интихоби «Саймон Карам» сафири собиқи Лубнон дар Вошингтон ба унвони намояндаи ин кишвар дар нишасти кумитаи назорат бар оташбас ҳам ишора ва тасриҳ кард: Иқдом барои гунҷондани як дипломати собиқи лубнонӣ дар ин кумита, аз назари сиёсӣ саҳеҳ ва мавриди ҳимояти миллӣ аст. Натанёҳу дар тавсифи иқдоми мо барои гунҷондани як дипломати собиқи лубнонӣ дар кумита, зиёдаравӣ кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha