Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Русия ал-Явм, сухангӯи нерӯҳои ҳифзи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷануби Лубнон, маъруф ба ЮНИФИЛ, эълом кард, ки ин нерӯҳо тайи соли гузашта ҳеҷ фаъолияти низомӣ аз сӯи Ҳизбуллоҳ ё иқдоми ба истилоҳ ғайриқонунӣ дар манотиқи таҳти амалиёти худ сабт накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки режими саҳюнистӣ ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худ алайҳи Лубнон ба баҳонаи фаъолиятҳои низомии Ҳизбуллоҳ идома медиҳад. Дар ҳоле ки Ҳизбуллоҳ ба мафоди оташбаси имзошуда бо Тел-Авив пойбанд аст, саҳюнистҳо ба баҳонаҳои мухталиф иқдом ба ҷанг афрӯзӣ алайҳи Лубнон мекунанд.
Сухангӯи нерӯҳои ЮНИФИЛ ҳамчунин илова кард, ки Созмони Милали Муттаҳид раванди коҳиши теъдоди ин нерӯҳоро дар Лубнон ба мизони 25 дарсад оғоз кардааст.
Вай баён кард, ки иллати ин иқдом коҳиши буҷаи тахсис ёфта ба ин нерӯҳост ва пешбинӣ мешавад ин раванд то авоили соли отии мелодӣ ба поён бирасад.
Лозим ба зикр аст, ки пештар ЮНИФИЛ эълом карда буд, ки режими саҳюнистӣ дар 12 моҳи гузашта беш аз 10000 бор ҳарими ҳавоӣ ва заминии Лубнонро нақз кардааст.
Your Comment