19 Ноябр 2025 - 11:42
Source: ABNA
Мавқеи «Туск» дар бораи омилони таркиши як роҳи оҳан дар Лаҳистон (Полша)

Нахуствазири Лаҳистон (Полша) ошкор кард, ки теъдоде аз атбои укроинӣ як роҳи оҳанро дар ин кишвар мунфаҷир кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Спутник, Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, имрӯз сешанбе дар суханоне омили таркиши як роҳи оҳан дар ин кишварро расонаӣ кард.

Нахуствазири Лаҳистон дар ин хусус иддао кард: "Атбои укроинӣ, ки бо хадамоти иттилоотии Русия ҳамкорӣ мекарданд, як роҳи оҳанро дар Лаҳистон мунфаҷир карданд."

Доналд Туск иттилооти бештаре дар ин хусус ироа накард.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Варшава иддао карда буд, ки хадамоти иттилоотии Русия дар ҳодисаи таркиши хатти оҳани ин кишвар даст доштаанд.

Сухангӯи вазири амнияти дохилии Лаҳистон дар ин кишвар иддао карда буд: "Ҳама чиз нишон медиҳад, ки ҳодисаи роҳи оҳани шарқи Лаҳистон бо ибтикори хадамоти махфии Русия сурат гирифта ва ҳадафи аслӣ он эҷоди ихлол дар раванди ирсоли кумак ба Укроин будааст!"

То кунун Маскав ба ин иттиҳомзанӣ (айбдоркунӣ)-и Варшава посухе надодааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha