Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз хабаргузории фаластинии Шаҳоб, Кумитаҳои муқовимати Фаластин дар вокуниш ба қатли ом дар урдугоҳи Айн-ал-Ҳилва баёнияе содир карданд.
Дар ин баёния омадааст: "Мо қатли оми ваҳшатноки фаластиниёнро, ки аз ҷониби душмани саҳюнистӣ дар урдугоҳи Айн-ал-Ҳилва анҷом шуд, ба шиддат маҳкум мекунем."
Кумитаҳои муқовимати Фаластин афзуданд: "Ин қатли оми ҷадид як бор дигар чеҳраи воқеии режими саҳюнистиро, ки бар асоси қатли ом ва наслкушӣ бино шудааст, ошкор мекунад. Ҳамла ба урдугоҳи Айн-ал-Ҳилваро зарбаи муҳкам ба ҳамаи касоне медонем, ки ба оддисозӣ (нормализатсия), ҳамзистӣ ва тавофуқоти сулҳ бо ишғолгарон дил бастаанд."
Душмани саҳюнистӣ соате қабл урдугоҳи «Айн-ал-Ҳилва» дар шаҳри Сайда воқеъ дар ҷануби Лубнонро ҳадафи ҳамлаи паҳподии (дронии) қарор дод, ки бар асари он 13 нафар шаҳид ва теъдоде захмӣ шуданд.
Режими саҳюнистӣ тайи рӯзҳои гузашта борҳо оташбасро нақз карда ва манотиқи мухталифи Лубнонро ҳадаф қарор додааст.
Your Comment