15 Ноябр 2025 - 09:29
Source: ABNA
Таркиши муҳиб ноҳияи «Ал-Мазза»-и Димашқро ба ларза овард

Чанд таркиши сахт, бегоҳии рӯзи ҷумъаи имрӯз, ноҳияи Ал-Мазза дар атрофи Димашқ, пойтахти Сурияро ба ларза овард.

Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз "Русия Ал-Яум" (Russia Today), манбаъҳои маҳаллӣ аз шунида шудани садои таркишҳои сахт дар ноҳияи Ал-Маззаи Димашқ хабар додаанд.

Баъзе манбаъҳо таркишҳоро натиҷаи ҳамлаи эҳтимолии ҳавопаймои бесарнишин донистаанд.

Садои мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар маҳалли ҳодиса шунида мешавад ва бар асоси гузориши расонаҳо, як зани тақрибан сӣ сола дар ин ҳодиса ҷон бохта ва чанд нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Таркиш дар наздикии Масҷиди «Ар-Раҳмон» рух додааст.

Агентии расмии ахбороти Сурия (SANA) низ эълон кард, ки дар Ал-Маззаи Димашқ таркиш рух додааст ва мақомот дар ҳоли баррасии паҳлуҳои ин ҳодиса ҳастанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha