Ба гузориши хабаргузории АБНО ба нақл аз Ал-Маълума, Муҳаммад аз-Зори, таҳлилгари сиёсии Ироқӣ, таъкид кард, ки ширкатҳои амрикоие, ки қарордодҳои нафтӣ бо иқлими Курдистони Ироқ бастаанд, чизе ҷуз гурӯҳҳои қочоқбарии маҳсулоти нафтӣ нестанд.
Вай афзуд: "Ин ба истилоҳ ширкатҳо ба сурати ғайриқонунӣ дар ҳоли қочоқи нафти иқлими Курдистони Ироқ ва фурӯши он дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошанд."
Аз-Зори тасриҳ кард: "Вазорати нафти Ироқ аз намояндагони ин ширкатҳои амрикоӣ хост то дар хусуси қарордодҳои мазкур нишаст баргузор кунанд, аммо онҳо ба далелҳои комилан мушаххас мухолифат карданд."
Вай баён дошт: "Пештар УПЕК нисбат ба раванди қочоқи маҳсулоти нафтӣ аз иқлими Курдистони Ироқ ба мизони 200 ҳазор бушка ба сурати рӯзона ҳушдор дода буд."
Лозим ба зикр аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тозагӣ дар суханоне, ки хуи истиъморгарии ин кишварро беш аз пеш нишон медиҳад, гуфта буд: "Ироқ ба қадре нафт дорад, ки намедонад бо он чӣ кор кунад!"
Your Comment