2 Ноябр 2025 - 14:35
Source: ABNA
Дидабони ҳуқуқи башар: Исроил бо вуҷуди оташбас ба наслкушӣ дар Ғазза идома медиҳад

Созмони Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо-Баҳри Миёназамин эълом кард, ки режими саҳюнистӣ бо вуҷуди оташбас дар Ғазза ба наслкушӣ дар ин минтақа идома медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории АБНО ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Созмони Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо-Баҳри Миёназамин бо судури баёнияе эълом кард, ки режими саҳюнистӣ баъд аз оташбас дар Ғазза ҳамчунон ба иртикоби ҷинояти наслкушӣ алайҳи фаластиниён дар навори Ғазза, албатта бо сару садои камтар ва рӯйкарди ҷадид идома медиҳад.

Ин баёния меафзояд, ки режими саҳюнистӣ аз замони оғози иҷрои тавофуқи оташбас дар 10-уми октябри гузашта, сиёсати таҷовузҳои тадриҷиро дар пеш гирифтааст ва аз бомбаборонҳои пароканда ба ҷои мавҷи густардаи наслкушӣ истифода мекунад.

Бар асоси ин гузориш, артиши саҳюнистӣ аз замони оғози тавофуқи оташбас, 219 фаластинӣ, аз ҷумла 85 кӯдакро ба шаҳодат расонда ва беш аз 600 нафарро маҷрӯҳ кардааст, ки миёнгини куштори беш аз 10 фаластинӣ дар рӯз ва маҷрӯҳ кардани наздик ба 30 нафарро ба сабт расондааст.

Дидабони ҳуқуқи башар меафзояд, ки артиши режими саҳюнистӣ ду мавҷи бузурги таҷовуз ба Ғаззаро дар ин муддат анҷом дод, ки аввалини онҳо дар 19-уми октябр буд, ки мунҷар ба шаҳодати 47 фаластинӣ шуд ва дувумин онҳо дар 28 ва 29-уми октябр буд, ки тайи он 110 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha