28 Октябр 2025 - 14:17
Source: ABNA
Сафири Русия дар Эрон: Бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Теҳрон ғайри қобили қабул аст

Сафири Русия дар Теҳрон, бозгардонидани таҳримҳои Шӯрои Амният алайҳи Эронро ғайри қобили қабул донист ва Маскавро муваззаф ба иҷрои онҳо нашуморид.

Бино ба гузориши хабаргузории АБНО, Алексей Дедов дар гуфтугӯ бо хабаргузории русии ТАСС, эълом кард, Русия ва Эрон барои ҳалли бӯҳрони эҷодшуда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ алайҳи барномаи ҳастаии Эрон дар тамоси мустамар қарор доранд.

Вай бар ҳимояти фарогир аз Эрон ва пайдо кардани роҳҳалли дарозмуддати дипломатӣ ва сиёсӣ барои ҳалли муноқишаи ҳастаӣ байни Эрон ва Ғарб таъкид кард.

Сафири Русия дар Эрон, иқдоми тройкаи аврупоӣ барои бозгардонидани таҳримҳои Шӯрои Амният алайҳи Эронро аз назари ҳуқуқӣ, як раванди ғайри қобили арзёбӣ хонд ва гуфт: "Ҳеҷ кишвари мӯътабаре дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳти таъсири ин фишорҳо қарор намегирад ва ба ин таҳримҳо мутааҳҳид нахоҳад буд."

Барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон аз соли 1384 (2005) таҳти фишорҳои байналмилалӣ қарор гирифт ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар посух ба фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар, таҳримҳоеро алайҳи Теҳрон тасвиб кард. Ин таҳримҳо шомили маҳдудиятҳои иқтисодӣ, бонкӣ ва содиротӣ, ба вижа дар ҳавзаи энержӣ ва саноеи ҳастаӣ буд. Пас аз имзои тавофуқи БАРҶОМ дар Тири 1394 (2015), бахши аъзами ин таҳримҳо ба шарти маҳдуд шудани барномаи ҳастаии Эрон ба таълиқ даромад. Аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар Урдибиҳишти 1397 (2018), Вашингтон таҳримҳоро бозгардонид ва талошҳое барои амалисозии таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон сурат гирифт.

Пас аз ба поён расидани мӯҳлати тавофуқи БАРҶОМ, Аврупо ва Амрико ба ҷои оддӣ кардани равобити худ бо Эрон, талош карданд бо истифода аз механизмҳои Шӯрои Амният ва қатъномаҳои собиқ, таҳримҳои Созмони Милалро бозгардонанд. Русия ва Чин ин иқдомотро ғайриқонунӣ ва ғайри қобили қабул медонанд ва таъкид доранд, ки чунин фишорҳое тааҳҳуди ҳуқуқӣ барои кишварҳои дигар эҷод намекунад.

Таҳримҳои ҳастаии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эрон дар таърихи 7 Меҳри 1404 (29 сентябри 2025) аз сар гирифта шуд. Ин иқдоми ғайриқонунӣ дар пайи фаъолсозии механизми пасгашт (снапбек) дар тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ ва адами тасвиби қатъномае барои тамдиди таълиқи таҳримҳо дар Шӯрои Амният сурат гирифт. Дар натиҷа, тамоми таҳримҳои ҳастаии пешин, ки дар соли 2015 мутобиқи қатъномаи 2231 Шӯрои Амният лағв шуда буданд, дубора амалӣ шуданд.

Дар пайи ин иқдомоти хусумомез аз сӯи Ғарб, Эрон эълом кард, ки ҳамкории худро бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мутаваққиф карда ва тавофуқномаи Қоҳираро низ лағв кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha