Ба гузориши Хабаргузории Абна, Скотт Бессент, вазири хазинадории Амрико, имрӯз якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Си-Би-Эс бори дигар ба такрори мавзеъгириҳои Русияҳаросонаи худ пардохт.
Вазири хазинадории Амрико дар ин хусус иддао кард: «Таҳримҳо алайҳи Русия як корзори фишори ҳадди аксар аст, ки муваффақ хоҳад шуд ва мо метавонем даромади нафтии Маскавро ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш диҳем. … Агар ба як-яки мавзеъгириҳои Маскав нигоҳ кунед, ба назар мерасад, ки онҳо аз ин масъала истифода мекунанд, мо иқтисодро дар баробари ин [вирус] эмин кардаем. Хуб, онҳо иқтисодро эмин накардаанд. Даромади нафтии онҳо нисбат ба соли гузашта 20 дарсад коҳиш ёфтааст.»
Скотт Бессент муддаӣ шуд: «Ман гумон мекунам, ки ин мавзӯъ метавонад даромади Маскавро 20 ё 30 дарсади дигар коҳиш диҳад!»
Your Comment