21 Октябр 2025 - 18:22
Source: ABNA
Расонаҳои ибрӣ: Яманиҳо бандари Эйлатро комилан фалаҷ кардаанд

Расонаҳои ибрӣ эътироф карданд, ки амалиёти яманиҳо алайҳи сарзаминҳои ишғолӣ ва муҳосираи дарёии ин режим ҳамчунон боис шудааст, ки бандари саҳюнистии Эйлат комилан фалаҷ боқӣ бимонад.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, вебсайти саҳюнистии Калкалист эътироф кард, ки бандари Эйлати режими саҳюнистӣ ба далели таҳдидҳои Ансоруллоҳ алайҳи киштиҳо дар Баҳри Сурх, бо бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва новигаторӣ (киштиронӣ) рӯбарӯ аст.

Ин вебсайти саҳюнистӣ таъйид кард, ки ин бандар дар натиҷаи идомаи муҳосираи дарёӣ, тақрибан дар вазъияти фалаҷи комил қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш мақомоти бандари Эйлат аз Иёлоти Муттаҳида ва Миср хостанд, то барои наҷоти вазъияти дарёӣ ва тиҷории кунунии ин бандар мудохила кунанд. Идораи бандар аз давлати Миср ба унвони молики канали Суэтз дархост кард, то барои рафъи муҳосира бар Санъо фишор биёварад.

Аз ноябри соли 2023, тақрибан ҳаракати тамоми киштиҳо ба Эйлат мутаваққиф шудааст, ки мунҷар ба коҳиши 80-дарсадии даромадҳои ин бандар шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha