11 Октябр 2025 - 22:30
Source: Parstoday
Таҳлилгарони исроилӣ : Ҳамос ҳамчунон марҷаъи қудрат дар Ғазза аст

Таҳлилгарони саҳюнисти истиқрори неруҳои ҳофизи назму амнияти ҷунбиши Ҳамос дар хиёбонҳои Ғаззаро баъд аз барқарории оташбас баёнгари пойдории ин ҷунбиш ба унвони як созмон ва марҷаъи қудрат дар ин минтақа тавсиф карданд .

Таҳлилгарони исроилӣ шикасти аҳдофи ҷанги алайҳи борикаи Ғаззаро таъид ва дар айни ҳол изъон карданд ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин « Ҳамос » ба унвони як созмон ва марҷаъи қудрат , истиқомат ва пойдорӣ кард . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ,  коршиноси рӯзномаи саҳюнистӣ « Yedioth Ahronoth » ба шабакаи 12 телевизион Исроил гуфт : Ҳадафи шумораи яки Кабинаи Исроил яъне сарнагӯнии қудрату ҳукӯмати Ҳамос дар Ғазза муҳаққиқ нашуда ва ин ҷунбиш ҳамчунон ба унвони марҷаъи қудрат дар Ғазза боқӣ мондааст .

Ин таҳлилгари саҳюнистӣ афзӯд : Дар сояи оташбас , неруҳои Ҳамос дар хиёбонҳо ҳастанд ва бо силоҳҳои худ мустақар шудаанд . Ҳамос ба унвони як марҷаъи қудрат , ҷойгоҳи худро ҳифз карда ва ин воқеиятӣ аст ки мо имрӯз бо он зиндагӣ мекунем .

Дар ҳамин ҳол , « Ҳоим Луинсун » таҳлилгару нависандаи саҳюнист гуфт : Ҳамос ба унвони як созмони побарҷои монда ва ин як воқеияти исбот шудааст . Ин созмон бо неруҳоӣ муназзам аз ибтидо то интиҳои ҷанг , ҳамчунон созмондеҳӣ шуда боқӣ монад ва дар тӯли ду соли душвори дучори фурӯпошӣ нашуд .

Сарлашкари захира « Исҳоқ Брик » таҳлилгари низомии режими саҳюнистӣ низ дар мусоҳиба бо шабакаи саҳюнистии Ой 24 гуфт : Артиши Исроил натавонист Ҳамосро шикаст диҳад . Мо ҷаҳонро аз даст додаем ва тавоноии Исроилро низ барои муқобила бо таҳдидҳое, ки дар атрофи мо рӯ ба афзоишаст , аз даст хоҳем дод . Ҷанг тамом шуд ва Ҳамос халъи силоҳ нахоҳад шуд .

Дарҳамин иртибот , « Doron Kadosh » рӯзноманигор ва таҳлилгари саҳюнист ба шабакаи саҳюнистии Ой 24 гуфт : Ҷанг амалан бидӯни халъи силаои Ҳамос дар борикаи ғҒзза поён ёфт . Ҳамос ҳамчунон як созмони фаъоли ҳамроҳ бо раҳбарии худ боқӣ монад ва тунелҳо ва кантроли Ҳамос бар Ғазза ҳамчунон идома ёфт . Ӯ афзуд : Ҳамос бидӯни неруи ҷойгузинӣ , кантроли кули манотиқи Ғаззаро дубора ба даст гирифтааст . Кодуш таъкид кард ки Ҳамос ҳеҷ таъаҳҳуди равшанӣ барои халъи силоҳ , таваққуфи мусаллаҳсозӣ , таваққуфи тавлиди силоҳ ё ҳафри тунел надодааст .

Your Comment

You are replying to: .
captcha