11 Октябр 2025 - 22:31
Source: Parstoday
дарёдор Тангсирӣ : Эрон аз манофеи худ дар халиҷи Форс дифоъ мекунад / Ҳамос : Бесилоҳ намешавем

Порстудей - Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, ки Эрон аз манофеъи худ дар халиҷи Форс то сарҳади ҷон дифоъ мекунад .

Дарёдор(адмирал) Алиризо Тангсирӣ- фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа бо ишора ба аҳамияти роҳбурдии тангаи Ҳурмуз изҳор кард : Ин гузаргоҳи дарёӣ(баҳрӣ) « шарёни нафтӣ ва газии дунё » аст ва Эрон ҳамвора аз он муҳофизат кардааст . Ба гузориши Порстудей , дарёдор Тангсирӣ бо ибрози нигаронӣ аз вуруди киштиҳо ё зердарёиҳои ҳомили сӯхти ҳастаӣ ба халиҷи Форс таъкид кард : Дар сурати бурузи ҳодисае барои ин гуна интиқолҳо осебҳо густарда ва мондагор хоҳад буд ва ҳатто оби шӯри соҳилӣ, ки обширинкунҳо аз он истифода мекунанд мумкин аст барои солҳо ғайри қобили истифода шавад.

Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба набардҳои мустақими неруҳои эронӣ бо артиши Амрико дар халиҷи Форс гуфт : Аз манофеъи худ дар халиҷи Форс то сарҳади ҷон дифоъ мекунем .

Венесуэла : Вазифаи муқаддасе барои дифоъ аз кишвар дар баробари таҳоҷуми Амрико дорем
Самуэл Монкада-сафир ва намояндаи Венесуэла дар Созмони Милал иқдомоти хусуматомез ва низомии Амрико дар минтақаи Карибро маҳкум кард ва гуфт : Амрико « беш аз 10 ҳазор хидматчии низомӣ ва ҳамчунин ҷангандаҳои размӣ , новшиканҳои мӯшакандоз , неруҳои таҳоҷумӣ ва ҳатто як зердарёии ҳастаӣ»-ро дар минтақа мустақар кардааст . Вай афзуд : Дар сурати вуқуъи ҷанг Каракас « вазифаи муқаддасе » барои дифо аз кишвар дорад.

Тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар 58 шаҳри Марокаш
Созмони ҳимоят аз масоили уммати исломии Марокаш ба унвони як созмони мардумниҳод ҷумъашаб бо судӯри баёнияе эълом кард, ки мардуми Марокаш дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар беш аз 110 тазоҳурот дар 58 шаҳри мухталифи кишварашон ширкат карданд. Ин созмон дар баёнияи худ таъкид кард, ки тазоҳуроткунандагон дар шаҳрҳои Марокаш бо шиори « Ғазза пирӯз шуд » ба хиёбонҳо омаданд.

Интиқоди Чин аз Амрико ба далели поймолсозии  ҳокимияти кишварҳо
Фои Конг-сафир ва намояндаи доими Чин дар Созмони Милал дар бораи иқдомоти Амрико алайҳи Венесуэла гуфт, ки иқдомоти Вашингтон ҳокимияти дигар кишварҳоро ба шиддат поймол  мекунад. Вай афзуд : Амрико ҳамчунин бо тавқифи қойиқҳои Венесуэла мӯҷиби « таниши доимӣ дар минтақа шудааст » . Намояндаи Чин дар Созмони Милал таъкид кард, ки иқдомоти якҷониба ва ифротӣ алайҳи қойиқҳои дигар кишварҳо « ҳақи ҳаёти хидматчиёни онҳо ва дигар ҳуқуқи асосии инсониро поймол кардаву таҳдиде алайҳи озодӣ ва амнияти дарёнавардӣ аст. »
Трамп : Тарофаи 100 дарсадӣ бар колоҳои чинӣ ҷорӣ мекунам
Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри Амрико эълом кард ,ки Иёлоти Муттаҳида тарофаҳои гумрукии 100 дарсадӣ бар колоҳои Чин ҷорӣ хоҳад кард ва ин иқдом дар канори феҳристи феълии тарофаҳо анҷом мешавад. Вай афзуд, ки аз ибтидои ноябр маҳдудиятҳое бар содироти тамомии маҳсӯлоти чинӣ ва ҳамчунин маҳсӯлоте, ки дар Чин тавлид намешаванд , ҷорӣ хоҳад шуд .
Ҷунбиши Ҳамос : Ҳеҷ касе ҷуръати халъи силоҳи миллати Фаластинро надорадМӯсо Абумарзуқ,аз аъзои аршади ҷунбиши Ҳамос таъкид кард : Ҳеҷ кас ҷуръат намекунад силоҳҳои мардуми Фаластинро, ки гузинаи қонунӣ ва машрӯъ дар шароити ишғолгарӣ аст , аз онҳо бигирад. Абумарзуқ бо баёни инки ишғолгарон барқасдона ва ваҳшиёна кулли борикаи Ғаззаро нобуд карданд , идома дод : Пойдории мардуми Фаластин тамоми нақшаҳову аҳдофи ишғолгаронро беасар кардааст. Саҳнаи бозгашти фаластиниён , бузургтарин гувоҳи пайбандии мардуми Фаластин ба сарзаминашон аст .

Your Comment

You are replying to: .
captcha