Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон зимни ҳимоят аз тавофуқи оташбас дар Ғазза таъкид кард, ки таваққуфи ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза поёни роҳ нест ва омилону омирони ин ҷиноёт бояд дар додгоҳҳои байналмилалӣ муҳокима шаванд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, Фотимаи Муҳоҷиронӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Маёдин” бо таъкид бар ҳимояти комили Эрон аз ҳар ибтикору иқдоме, ки мунҷар ба таваққуфи фаврии наслкушӣ дар Ғазза шавад, афзуд: “Эрон аз тарҳҳое, ки шомили хуруҷи неруҳои ишғолгар, вуруди кумакҳои башардӯстона, озодии усарои фаластинӣ ва таҳаққуқи ҳуқуқи асосии онон бошад, ҳимоят хоҳад кард”.
Мусобиқоти ҷаҳонии гимнастика бидуни ҳузури варзишкорони режими саҳюнистӣ
Индонезия эълом кард, ки варзишкорони саҳюнистиро аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии гимнастика дар Ҷакарта, ки авохири моҳи ҷории мелодӣ баргузор хоҳад шуд, манъ кардааст. Юсрил Иҳзо Моҳендра, вазири ҳамоҳангкунандаи қонун, ҳуқуқи башар, муҳоҷират ва ислоҳоти Индонезия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки барои варзишкорони исроилӣ раводид содир нахоҳад шуд.
Лавров: Кори англисҳо аз “тафриқа биандоз...” гузашта аст
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо баёни инки бисёре аз кишварҳои ғарбӣ ба дунболи ҳифзи нигариши муҳтотонаи кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс нисбат ба Эрон аст, гуфт: Кори англисҳо дар ин замина аз рӯйкарди маъруфашон бо унвони “тафриқа биандозу ҳукумат кун” ҳам гузашта аст. Сергей Лавров дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “RT” афзуд: Англисҳо ҳамвора ба хотири ин рӯйкард машҳур будаанд ва дар мавзӯи равобити Эрон ва кишварҳои арабӣ, иқдомоти онҳо ҳатто маҳдуд ба иборати “тафриқа биандоз” ҳам нест, балки рӯйкарди онҳо “дар муқобили ҳам қарор додану ҳукумат кардан” аст. Вай аз инки гароишҳои истеъморӣ ва навистеъморӣ ҳанӯз меҳвари иқдомоти бархе кишварҳои ғарбиро шакл медиҳад, ибрози таассуф кард.
Чин 14 ширкату созмони амрикоӣ ва канадаиро таҳрим кард
Расонаҳои Чин гузориш доданд, ки Пекин 14 ширкату созмони амрикоӣ ва канадаиро ба далоили амнияти миллӣ таҳрим кард. Дар миёни ширкатҳое, ки тавассути Вазорати бозаргонии Чин таҳрим шудаанд, ширкати амрикоии “Дидрун”, вобаста ба ширкати Оксун ва ширкати канадаии “Техинсойтс” ва ширкатҳои тобеъи он қарор доранд. Вазорати бозаргонии Чин ҳамаи ин ширкатҳоро ба листи ниҳодҳои ғайриқобили эътимоди худ изофа кард ва онҳоро ба иқдомоте муттаҳам кард, ки ба таври ҷиддӣ ба ҳокимияти миллӣ, амнияту манофеи тавсеаии Чин осеб расондааст.
Ин ширкатҳо аз воридоту содирот бо Чин, анҷоми сармоягузориҳои ҷадид дар ин кишвар ва мушорикат дар интиқоли дода ё ҳамкорӣ бо созмонҳо ё афроди чинӣ манъ шудаанд.
Дабири кулли Ансоруллоҳи Яман: Исроил бо кумаки Амрико дар Ғазза муртакиби ҷинояти қарн шудааст
Сайид Абдулмалик Бадруддин Алҳусӣ, дабири кулли Ансоруллоҳи Яман дар суханоне ба муносибати дуюмин солгарди амалиёти “Тӯфонулақсо” ва ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бегуноҳи Ғазза, ин ҳамалотро ҷинояти қарн хонд ва бар ҳимояти комил аз мардуми Фаластин таъкид кард. Алҳусӣ бо ишора ба абъоди фоҷеаи бори ҷанги Ғазза афзуд, ки режими Исроил ва давлати Амрико бо ҳамалоти ваҳшиёнаи худ муҷиби куштаау захмӣ шудани 11 дарсад аз ҷамъияти Ғазза шудаанд; оморе ки дар асри ҳозир бесобиқа аст.
Your Comment