11 Октябр 2025 - 22:29
Source: Parstoday
Шуҳадои таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эрон| Шаҳид Қанбариён ҳиҷобро бар ҷонаш тарҷеҳ дод

Шаҳид Марями Қанбариён бонӯест, ки якуми тирмоҳ (22 июн), соати 13: 55 барояш лаҳзаи интихоб буд; ӯ дар миёни дӯду оташ шуҷоъона ва бидуни лаҳзае диранг ҳифзи ҳиҷобро бар ҳифзи ҷонаш тарҷеҳ дод.

Ҳусайни Наримонӣ, ҳамсари шаҳид Марями Қанбариён аз вобастагии шадиди отифӣ ба ҳамсараш мегӯяд ва инки чӣ гуна ӯ дар муқобили чашмони худашу писари 9 солааш пар-пар шуд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Ҳамшаҳрӣ онлайн”, Марям мутаваллиди 1367 буд, ҳамсари Ҳусайни Наримонӣ ва модари писаре 9 сола ба номи Порсо. Ҳамсараш ривоят мекунад: “Сездаҳ соли зиндагии муштаракамон лабрез аз сабуриву ишқ буд. Аз ҳамон аввали зиндагӣ дӯсташ доштам ва ошиқаш будам. Ин ишқу алоқа ҳар чӣ гузашт, бештар шуд, ба ҳадде ки ба Марям вобаста шуда будам”.

Марям баргашт, ки рӯсариашро бардорад

Ҳамсари шаҳид аз сонияҳое ёд мекунад, ки тарс, сиёҳиву дӯд ҳама ҷоро фаро гирифта буд ва ин иттифоқ хотироти талхеро барои ӯ ва Порсои 10 сола рақам зад: “Субҳи рӯзи ҳодиса ба хона омадему баъд аз хӯрдани субҳона истироҳат кардем. Соати 13:55 дақиқа мушаки аввалро ки заданд, ман бо Порсо зуд аз хона хориҷ шудему Марям ҳам пушти сарамон меомад. Ҳангоми фирор Марям чодарашро аз рӯи тоби дохили ҳавлӣ бардошт ва ба сараш кард. Вале чун чодар нозук буд, аз миёнаи роҳ баргашт. Баланд фарёд мезадам: Марям, зуд биё равем! Ва ӯ фақат мегуфт: Рӯсариам, рӯсариам ва барои бардоштани рӯсариаш ба дохили хона баргашт. Дар ин фосила мушаки дувум, сеюм ва чаҳорум ҳам шиллик шуд. Фосилаи байни мушаки аввал ва боқии мушакҳо дар маҷмуъ ба як дақиқа ҳам нарасид. Мавҷи инфиҷор ӯро пеши чашмони ману Порсо ҳудудан 10 метр партоб карду дидем ки чизе ба паҳлуяш хӯрду хуни зиёде фаввора зад. Ҳама ҷоро сиёҳӣ, дуд гирифта буду аҷсом дар ҳаво ба атроф партоб мешуданд”.

Дарахте ки бо хуни Марям ҷон гирифт

Тақдир чизи дигаре буду Марям пар кашид. Наримонӣ аз замоне мегӯяд, ки хабари шаҳодати Марямро ба ӯ доданд. Хабаре ки дунёи Ҳусайну Порсо ба якбора хомӯшу тор шуд. Ӯ ривоят мекунад: “Баъд аз тамосам ҳудуди ним соат тӯл кашид то мошини ёрии таъҷилӣ расиду Марямро ба бемористон мунтақил карданд. Марям хуни зиёде аз даст дода буд. Ӯро барои эҳё ба утоқ бурданд. Замони каме гузашт, ки ҳамкорам омаду гуфт: Ҳусайн, Худо сабрат бидиҳад! Ҳанӯз боварамон нашудааст, ки Марям дигар байни мо нест. Ӯ саршор аз ҳисси зиндагӣ буд. Моҳҳо аз он рӯз гузашта, аммо Ҳусайн ҳанӯз дарахтеро мебинад, ки Марям пои он афтода буд, дарахте ки имрӯз сабзтару зиндатар аз ҳамеша аст. Порсо бо диле пур аз умед об пушти пои падар мерезад то ӯ баргардад. Зиндагӣ идома дорад, аммо ҷои холии Марям ҳамеша пурранг аст, ҷои холии зане, ки дар лаҳзаи интихоб, ҳиҷобро бар ҷонаш тарҷеҳ дод.

Your Comment

You are replying to: .
captcha