Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Рейтер», Даниэл Нобоа, раисиҷумҳури Эквадор аз ҳамлаи гурӯҳе аз эътирозгарон, ки бо санг ба пешвозаш рафта буданд, ҷон ба саломат бурд; ҳодисае, ки ба гуфтаи яке аз вазирони аршади давлати ӯ, сӯиқасди ноком будааст.
Инес Монзано, вазири муҳити зист ва энержии Эквадор, ки гузориши расмӣ дар бораи сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури ин кишвар танзим кардааст, гуфтааст, ки худрави Нобоаро тақрибан 500 эътирозгар иҳота карда ва ба самти он санг партоб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, панҷ нафар аз эътирозгарон боздошт шудаанд.
Дафтари раёсати ҷумҳури Эквадор эълом кард, ки боздоштшудагон бо иттиҳомоти терроризм ва иқдом ба сӯиқасд рӯбарӯ ҳастанд.
«Рейтер» наметавонад ба таври мустақил таъйид кунад, ки дар ин ҳодиса тирпарронӣ иттифоқ уфтодааст, аммо Монзано мегӯяд, ки пас аз ҳамлаи эътирозгарон, бар рӯи худрави раисиҷумҳур осори гулӯла ба чашм мехӯрд.
Эътирозот дар Эквадор дар пай тасмими Нобоа барои ҳазфи ёрирасонаҳои сӯхт дар моҳи гузашта оғоз шудааст.
Your Comment