5 Октябр 2025 - 21:59
Source: Parstoday
Ахбор|Оғози даҳумин гашти таҳқиқотии ковишгари эронӣ дар баҳри Уммон / Ҳамос : Тарсими ояндаи Фаластин , тасмими миллӣ аст

Пажӯҳишгоҳи миллии уқёнусшиносӣ ва улӯми ҷаввии Эрон , гашти ҷомеъи уқёнусшиносиро дар обҳои минтақаи инҳисорӣ - иқтисодии Ҷумҳурии исломии Эрон дар баҳр(дарё)и Уммон иҷро хоҳад кард.

Ин гашт охирҳои пойиз то аввалҳои зимистони соли 1404 иҷро мешавад, ки шомили иҷрои барнома намӯнабардорӣ ва пойиш дар 95 истгоҳи таҳқиқотӣ аз тангаи Ҳурмуз то марзҳои обии Эрон ва Покистон аст
Шиновари таҳқиқотии ковишгари Халиҷи Форс пештар тайи солҳои 1396 то 1400 , теъдоди 9 гашти муваффақи уқёнусшиносиро дар халиҷи Форс ва дарёи Уммон ба анҷом расондааст ва инак барои даҳумин бор озими маъмуриятии миллӣ дар хизмати илму тавсеаи баҳрмеҳвари Эрон хоҳад шуд .
Маҷористон : Аврупо дар ҳоли ҳаракат ба самти ҷанг аст
Зултон Ковач-дабири иртибототу равобити байналмилал дар дафтари нахуствазирии Маҷористон ҷумъа дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Кишварҳои бештаре ҳамчун Маҷористон эҳсос мекунанд, ки мо ( Иттиҳодияи Аврупо ) дар ҳоли кашида шудан ба самти ҷанг ҳастем ва дер ё зуд тобутҳои ҷавонони кушташудаи мо ба хона боз хоҳанд гашт. Вай бо таъкид бар инки « таҳдиди ҷанг дар ҳоли афзоиш аст » афзуд : Мо намехоҳем, ки ба сарнавишти Украина дучор шавем. Агар Украина вориди Иттиҳодияи Аврупо шавад , даргири ҷанг бо Русия мешавем. Мо намехоҳем барои Украина кушта шавем

Таътилии давлати Трамп ; ҳазорон корманди амрикоӣ ба мурраххасии иҷборӣ фиристода шуданд
Каролин Леввит-сухангӯи Кохи Сафед дар паи таътилии давлати Доналд Трамп ба далели ихтилофоти ҳизбӣ бар сари тасвиби лоиҳаи буҷети Амрико эълом кард : « Шумори кормандони федерал, ки мумкин аст дар авҷи таътилии мудовими давлат ихроҷ шаванд , эҳтимолан ҳазорон нафар хоҳад буд. »

Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳои Русияро як соли дигар тамдид кард
Иттиҳодияи Аврупо дар идомаи рӯйкарди хасмона алайҳи Русия , таҳримҳо алайҳи Маскавро як соли дигар тамдид кард. Ин иттиҳодия муддаӣ шуд, ки Русия дар солҳои ахир бо анҷоми амалиёти кибернетикӣ , интишори иттилооти нодуруст , харобкорӣ ва мудохила дар равандҳои демократии кишварҳои аврупоӣ , амнияту суботи ин қитъаро таҳдид кардааст.

Расонаи амрикоӣ : Натанёҳу шахсан дастури ҳамла ба новгон(корвони киштиҳо)и Самудро дод
Шабакаи амрикоии CBS дар гузорише фош кард, ки Бинёмин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ шахсан муҷаввизи анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи киштиҳои ҳомили кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғаззаро содир кардааст. Неруи дарёии режими Исроил тамомии 42 киштии новгони Самудро тавқиф кардааст.

Ҳамос : Тарсими ояндаи Фаластин , тасмими миллӣ аст
Мӯсо Абумарзуқ,аз раҳбарони аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар гуфтугу бо шабакаи Алҷазираи Қатар бо ғайривоқеъӣ хондани бахше аз тарҳи пешниҳодии Трамп гуфт : Масъалаи супурдани асирон ва ҷасадҳо дар муддати 72 соъат , дар шароити кунунӣ амри назарӣ ва ғайривоқеъбинона аст. Вай афзуд : Тарсими ояндаи миллати Фаластин як масъалаи миллӣ аст, ки Ҳамос ба танҳоӣ дар мавриди он тасмим намегирад . Абумарзуқ тасреҳ кард : Ҳамос як ҷунбиши озодибахши миллӣ аст ва таърифе, ки дар ин тарҳ барои « тероризм » омадааст , наметавонад бар ин ҷунбиш ҷорӣ шавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha