Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, «Халил ал-Ҳайя», раиси ҳайати музокиракунандаи Ҳамос гуфт: Мо ба Шарм-ал-Шайх омадем, то музокироти масъулона ва ҷиддӣ барои қатъи ҷанг алайҳи мардумамон дар Навори Ғазза анҷом диҳем.
Ӯ афзуд: Мо аҳдоф ва ормонҳои мардумамон барои таҳқиқи субот, ташкили давлат ва ҳаққи таъйини сарнавиштро пайгирӣ мекунем.
Ин раҳбари Ҳамос гуфт: Мо омодагии комили худро барои қатъи масъулонаи ҷанг эълом мекунем, аммо душман ҳамчунон ба куштан ва нобуд кардани мо идома медиҳад.
Гуфтанист, музокироти ғайримустақим миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ шаби душанбе дар Шарм-ал-Шайх барои баррасии тарҳи Трамп дар мавриди оташбас дар Навори Ғазза оғоз шудааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳадафи дидори ғайримустақим миёни ҳайатҳои фаластинӣ ва режими саҳюнистӣ дар Шарм-ал-Шайх, баррасии сохторҳои омодасозии шароити аввалия барои тавофуқи табодули асирон аст.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ қаблан эълом карда буданд, ки «Рон Дермер», вазири умури роҳбурдии ин режим ҳам дар музокироти Шарм-ал-Шайх ҳузур хоҳад дошт, аммо дафтари Нетаняҳу эълом кард, ки ин музокирот дар сатҳи оддӣ баргузор хоҳад шуд ва сипас дар сурати пешрафт, мақомҳои аршад ба он хоҳанд пайваст.
Ин музокирот дар ҳоле оғоз шудааст, ки ду тараф ихтилофи назари шадиде дар мавриди мавзӯи ақибнишинии ишғолгарон ва силоҳи муқовимат ва ояндаи ҳукумат дар Навори Ғазза пас аз ҷанг доранд.
Your Comment