Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, коршиносони масоили сиёсӣ бо баршумурдани нукоти калидии тарҳи Трамп дар мавриди оташбас дар Ғазза таъкид карданд, ки ин тарҳ бо қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ созгор нест. Онҳо ҳушдор доданд, ки таҳмили сулҳи фаврӣ ба ҳар қимате, дастуруламале барои беадолатӣ, хушунат ва бесуботии бештар дар оянда аст.
Бо ин вуҷуд ба назар мерасад ҷунбиши Ҳамос дар посухе, ки ба ин тарҳ додааст, аз ибҳомоти мавҷуд дар ин тарҳ ба нафъи худ истифода карда ва тӯбро дар замини Амрико ва режими саҳюнистӣ андохтааст.
Коршиносони масоили сиёсӣ дар ин робита таъкид карданд, ки унсурҳои аслии тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мавриди Ғазза, то ҳадди зиёде бо қоидаҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва назари машваратии Девони байналмилалии додгустарӣ дар соли 2024, ки аз режими саҳюнистӣ мехоҳад ба ҳузури ғайриқонунии худ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин поён диҳад, созгор нест.
Коршиносон нукоти аслии мубҳам дар тарҳи Трампро дар 11 мавриди зерин ташреҳ кардаанд:
-
Ҳаққи фаластиниён барои таъйини сарнавишт, ба вижа дар мавриди таъсиси як давлати мустақил бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин тарҳ замонат нашуда ва машрут ба пешшартҳои мубҳаме аст, ки ба бозсозии Ғазза, ислоҳи Ташкилоти худгардони Фаластин ва гуфтугӯ миёни режими саҳюнистӣ ва Фаластин марбут мешавад.
-
«Давлати муваққати интиқолӣ» намояндаи фаластиниён нест ва ҳаққи таъйини сарнавиштро нақз карда ва фоқиди машруъият аст. Илова бар ин ки ҳеҷ меъёр ё чорчӯби замонии мушаххасе барои интиқол ба давлате дохилӣ, ки фақат ба фаластиниён тааллуқ дошта бошад, дар он наёмадааст. Назорати «Шӯрои сулҳ» ба раёсати раисҷумҳури Амрико, таҳти ихтиёри Созмони Милали Муттаҳид ё контроли чандҷониба ва шаффоф нест, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ба шиддат ҳомии режими саҳюнистӣ аст ва миёнҷии содиқ нест.
-
«Нерӯи байналмилалии суботсоз» хориҷ аз контроли мардуми Фаластин ва Созмони Милали Муттаҳид хоҳад буд ва ишғолгарии режими саҳюнистиро бо ишғолгарии ба раҳбарии Амрико ҷойгузин хоҳад кард.
-
Халъи силоҳи Ғазза таърихи инқизо надорад, ва агар доимӣ бошад, мумкин аст онро дар баробари таҷовузи Исроил осебпазир кунад. Аз сӯи дигар дар ин баёния чизе дар бораи халъи силоҳи режими саҳюнистӣ дар Ғазза гуфта нашуда, ки муртакиби ҷиноёти байналмилалӣ алайҳи фаластиниён шуда ва сулҳу амнияти минтақаро аз тариқи таҷовуз ба кишварҳои дигар таҳдид кардааст.
-
Аз байн бурдани «ифротгароӣ» фақат дар мавриди Ғазза баён шуда, дар ҳоле ки эҳсосоти зиддифаластинӣ ва арабӣ, ифротгароӣ ва таҳрики ошкоро ба наслкушӣ, вижагиҳои барҷастаи гуфтумони ғолиби саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ аст.
-
«Тарҳи тавсиаи иқтисодӣ» ва «Минтақаи вижаи иқтисодӣ» метавонад мунҷар ба баҳрабардории ғайриқонунии хориҷӣ аз манобеи фаластиниён шавад.
-
Режими саҳюнистӣ ва касоне, ки ҳамлаҳои ғайриқонунии худро дар Ғазза идома додаанд, ҳеҷ вазифае барои ҷуброни хисороти ғайриқонунии ношӣ аз ҷанг ба фаластиниён надоранд.
-
Ин тарҳ, озодии ҳамаи асирони саҳюнист-ро замонат мекунад, аммо танҳо теъдоди маҳдуде аз фаластиниҳои асир, озод хоҳад шуд.
-
Ин тарҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ба посухгӯӣ дар қаболи ҷиноёти байналмилалии режими саҳюнистӣ ва нақзи ҳуқуқи башар алайҳи мардуми Фаластин намепардозад ва ҳеҷ тааҳҳуде ба иҷрои адолат дар он вуҷуд надорад.
-
Ин тарҳ ба масоили асосии дигаре монанди поён додан ба шаҳраксозиҳои ғайриқонунии режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ, аз ҷумла Қудси шарқӣ, марзҳо, ғароматҳо ва паноҳандагон намепардозад.
-
Ин тарҳ нақше барои Созмони Милали Муттаҳид аъам аз Маҷмаи Умумӣ ё Шӯрои Амният, ё ба таври хос барои Ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони Фаластинӣ (Онруво) фароҳам намекунад; нақше, ки ифои он барои кӯмак ва ҳимоят аз фаластиниён ҳаётӣ аст.
Вокуниши ҳушмандонаи Ҳамос ба тарҳи оташбаси Амрико
Дар ҳамин робита Фирос Ёғӣ, коршиноси масоили режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Шаҳоб Фаластин, зимни ташреҳи вокуниши ҳушмандонаи Ҳамос ба тарҳи «Нетаняҳу-Трамп», ин вокунишро «бисёр масъулиятпазир» тавсиф кард, ки муваффақ шуд ба баҳсҳо поён диҳад ва тӯбро ба замини Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, биандозад.
Ёғӣ идома дод, ки Ҳамос бо масъулиятпазирӣ амал кард ва вокуниши мустақими худро ба масоиле, ки дар ҳи-таи масъулияти мустақимаш қарор дорад, яъне масъалаи асирон ва таҳвили ҳукумат, маҳдуд кард, аммо масоили миллии бузургтар монанди ояндаи навори Ғазза ва халъи силоҳро дар чорчӯби иҷмои комили фаластиниҳо ва музокироти густурдатар бо миёнҷиҳо донист.
Ёғӣ афзуд, ки Ҳамос инҳисори посухи худро ба «бале» ё «хайр» напазируфт ва масоили муҳим ва сарнавиштсози дигарро барои тасмимгирии комили соири фаластиниҳо боқӣ гузошт.
Ёғӣ дар поёни таҳлили худ гуфт, ки Ҳамос бори дигар тавонист бо шоистагӣ собит кунад, ки масъулиятпазир аст, дар музокирот тавонманд аст ва дар паи расидан ба роҳҳал аст. Посухи Ҳамос ба навъе аст, ки ҳеҷ кас наметавонад ин ҷунбишро масъули монеътрашӣ дар тавофуқи табодули асирон бидонад.
Your Comment