Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абно ـ сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи муҷаддади режими саҳюнистӣ ба корвони баҳрии Сумуд (Пойдорӣ) ва боздошти тарафдорони мардуми мазлуми Ғаззаро башиддат маҳкум кард.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, бо ситоиш аз иқдоми инсонии фаъолон ва гурӯҳҳои мардумӣ аз кишварҳои мухталиф дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва талош барои шикастани муҳосираи золимонаи навори Ғазза, иқдоми режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба ин корвонро нақзи ошкори қавоиди байналмилалӣ ва иқдоми террористӣ тавсиф кард.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо ишора ба идомаи поксозии қавмӣ ва куштори мардуми бегуноҳи Ғазза, бори дигар масъулияти қонунӣ, ахлоқӣ ва инсонии ҳамаи давлатҳоро барои таваққуфи наслкушии фаластиниҳо ва мувохиза ва муҳокимаи ҷинояткорон ёдовар шуд ва хостори иқдоми фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин хусус гардид.
Your Comment