Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (якшанбе) 23 шаҳривар (14 сентябр) озими Давҳа, пойтахти Қатар шуд. Ироқчӣ барои ширкат дар Иҷлоси вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ ба Давҳа рафт. Иҷлоси изтирории вазирони умури хориҷаи исломӣ-арабӣ бано ба дархости Қатар барои баррасии мавзуъоти таҷовузи низомии режими саҳюнистӣ ба ин кишвар баргузор мешавад. Ин Иҷлос, муқадимаи нишасти сарони исломӣ-арабӣ аст, ки фардо душанбе баргузор мешавад. «Масъудӣ Пизишкиён» раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин Иҷлоси сарон ширкат хоҳад кард.
Иҷлоси вазирони умри хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Давҳа дар шароите баргузор мешавад, ки нақзи қавонини байналмиллалӣ ва таъади ба ҳарими кишварҳо, барои саҳюнистҳо ба як равияи оддӣ табдил шуда ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба ин мавзӯъ вокуниши ҷиддӣ нишон диҳад.
Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) ба унвони яке аз бузургтарин ниҳодҳои байналмиллалиии ҷаҳони ислом, зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи барои муқобила бо ҷангталабии режими саҳюнистӣ дорад. Албатта мизони асарбахшии ин иқдомот ба иродаи сиёсии кишварҳои узв ва ҳамоҳанги амалии онҳо низ бастагӣ дорад. Созмони ҳамкории исломӣ, вазифаи ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи дар қиболи амнияти кишварҳои узви худ дорад.
Режими саҳюнистӣ собиқаи тӯлонӣ дар нақзи ҳуқуқи башар ва қавонини байналмилалӣ дорад ва ҳамла ба Қатар низ идомаи ҳамон сиёсатҳои таҷовузкоронааст . Созмони ҳамкории исломӣ метавонад бо истифода аз абзорҳои дипломотик , ҳуқуқӣ ва расонаӣ , ин иқдомотро маҳкӯм ва мутаваққиф кунад .
Ин Созмон метавонад бар асаргузории Шӯрои амнияти Созмони Милал , барои иттихози қатъномаҳои илзомовар алайҳи таҷовузоти режими саҳюнистӣ нақш ифо кунад . Ироаи шикоёти расмӣ аз сарони режими номашрӯъи саҳюнистӣ ба додгоҳҳои байналмилалӣ монанди Девони кайфарии байналмилалӣ ( ICC ) низ аз ҷумлаи иқдомоти муассири дигарӣ аст ки ба манзури пайгирии ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Ғазза имкон пазираст .
Иқдомоти иқтисодӣ ва тиҷории аъзои Созмони ҳамкории исломии алайҳи режими саҳюнистӣ ҳамчунин метавонад шомили таҳрими колоҳо ва ширкатҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ , қатъи равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ бо ниҳодҳои ҳомии ишғолгарон бошад .
Иқдомоти расонаӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории исломӣ низ барои ҷалби ҳимояти ҷаҳонӣ аз мардуми Фаластин ва Ғазза иқдоми муассир хоҳад буд ки бахше аз он , афзоиши пӯшиши расонаии ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар расонаҳои кишварҳои исломӣ аст . Баргузории кампанҳои огоҳибахши ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистӣ барои ифшои сиёсатҳои ишғолгарона ва нақзи ҳуқуқи башари ин режим низ дар ҷалби назари афкори умумии алайҳи саҳюнистҳо муассир хоҳад буд .
Афкори умумии ҷаҳони араб ба шиддат аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Қатар хашмгин шудаанд ва онро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ медонанд . Ин фурсати муносиб барои басиҷи ҷомеъаи ҷаҳонӣ алайҳи таҷовузгарии саҳюнистҳост . Тадвини як тарҳи амалиётии муассир дар нишасти вузарои умӯри хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ , барои вокуниш ба иқдомоти ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ бо сохтории мунсаҷим ва ҳадафмеҳвар , қобили иҷрост . Ин тарҳ бояд ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қавӣ бошад ва ҳам битавонад афкори умумӣ ва ниҳодҳои байналмилалиро таҳти таъсир қарор диҳад .
Созмони ҳамкории исломӣ ( OIC ) зарфиятҳои қобили таваҷҷӯҳӣ барои иттихози иқдомоти амали алайҳи сиёсатҳои режим саҳюнистӣ дорад . Барои муассиртар шудани ин иқдомот , ҳамгароии сиёсӣ , иҷмоъи роҳбурдӣ ва иродаи муштараки миёни аъзо зарурӣ аст . Ин созмон бо бархӯрдорӣ аз зарфиятҳои диплумотик , иқтисодӣ , фарҳангӣ ва мардумӣ , метавонад нақши муҳимме дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва муқобила бо ишғолгарии режими саҳюнистӣ ифо кунад ; дар шароите, ки иродаи сиёсӣ ва ҳамбастагии амали миёни аъзо тақвият шавад .
Созмони ҳамкори исломӣ метавонад аз мавзеи баёнияҳои намодин фаротар рафта ва ба иқдомоти амалӣ , мустамар ва ҳамоҳанг даст ёбад ва ба унвони як бозигари муассир дар дифо аз ҳуқуқи миллати Фаластин ва муқобила бо сиёсатҳои таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ иқдом кунад .
Your Comment