Садои дахшатангези таркишхо паи хам ба гуш мерасад. Сӯхтор аланга зада, шишаҳо меафтад. Қиёматӣ аст. Қаламҳо месузанду коғазҳо шуълаваранд. Аммо он чизе, ки мардум дар қоби телевизион мебинанд, симои зане аст, ки бо салобат барои душман раҷаз мехонд. Вай дилгарми паси парда аст; Дар он ҷое, ки ҳамкорони ӯ, мардону занони пур дил, ки дар IRIB мустақар буданд, то лаҳзаҳои охирин расонаро тарк накарданд.
Ба гузориши хабаргузории Порс-Тудей, Маъсума Азимӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки то охирин лаҳза паси мизи хидмат монданд. Лаҳзае, ки вай аз утоқ хориҷ шуд , таркише аз мӯшак ба паҳлуяш исобат карду мавҷи инфиҷори пайкарашро ба сутун кӯбед .
Вай дар сохтимони шишаии Садо ва Симо, ки дар он зиёда аз 23 сол кор карда буд, шаҳид шуд. Дар ин гузориш бо Сайид Муҳаммад Азимӣ, ҳамсари ӯ мусоҳиба кардем.
Маъсума Азимӣ, зодаи 1978, ягона зани шаҳиди ҳодисаи бомбаборони сохтимони шишаии Садо ва Симо аст. Муҳаммад Азимӣ, шавҳараш, мегӯяд: “Субҳи ҳодиса ба ӯ занг задам, то ба хона баргардад, аммо ӯ монд. Вай ва ҳамаи касоне, ки монданд, медонистанд, ки душман қавонини байналмилалиро беэътиноӣ мекунанд ва эҳтимоли бомбборон шудани бинои IRIB аст. Маъсума аз тарки мавқеи худ, худдорӣ кард.”
Шахидон аз радифи охирин интихоб шуданд
Муҳаммад Азимӣ, ки дар тан либоси низомӣ ба бар ва посбони мардум дар пулис аст, мегӯяд: “Силоҳи ман туфанг аст ва силоҳи ӯ қалам буд. Ёд надорам, ки як зарра дар кораш кам гузошта бошад. Бовар доштам, ки дар чунин рӯзҳои сахт дар ҷои кораш ҷиддитар ва бо азму иродаи қавӣ хоҳад монд. Аммо бовар намекардам шаҳид шавад. Шабҳои аввали ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Эрон, рӯбарӯаш нишастаму барояш васият кардам . Нигоҳе кард ва гуфт : «Туро ба Худо месупорам. Ҳар чизе, ки хайр аст, ҳамон мешавад.”
“Чун Маъсума шаҳид шуд, ба худ гуфтам, ки ман ҳам туро ба Худо месупорам. Аммо ман оҳ кашидам, ки чаро дар ақиб мондаам. Ман 26 сол дар маъмуриятҳои гуногун будам, аммо ба назар чунин мерасад, ки шаҳодат тақдир ҳар касе нахоҳад буд .”
Чӣ дуруст гуфтаанд: "Шаҳодати либоси якто аст, ки тани ҳаркас наравад ."
“Мо довталабони сафи аввал будем; Шахидон аз сафи охирин интихоб шуданд. Тамоми умри худро дар хона ҳарф аз шаҳодат задам, вале Маъсума ором ва бе иддао, иҷозаи шаҳодатро гирифт ва он ҳам аз дасти бадтарин душмани мусалмонон. Шаҳодаташ муборак бод!”
Духтаре, ки ҳадяи Худо буд
Маъсума Азимӣ дар деҳаи Ҷезинони вулусволии Толеғон ба дунё омада буд ва пайкар поки вай дар он чо ором гирифт. Вай солҳои зиёд сокини Караҷ буд, ва соли 2001 ба Садо ва Симои Эрон пайваст. Ҳар саҳар соати 5 аз хона баромада, соати 18 ва 19 ҷои корашро тарк карда, ба хона бармегашт. Муҳаммад Азимӣ мегӯяд: “Ӯ дар бахши дабирхонаи маҳрамонаи Садо ва Симо кор мекард. Мо натавонистем фарзанддор шавем, аз ин рӯ, фаъолиятҳои иҷтимоии Маъсума як бахши муҳими зиндагии ӯро ташкил медод. Аммо ин амр ӯро аз андеша дар бораи аъзои хонаводааш монеъ накард. фармонбардори волидайнаш буд. Мутмаин ҳаcтам, ки иҷозати ин шаҳодати ҳам ба воситаи дуои хайри падару модараш насибаш шуд .
“ Пайваста ба аёдати онҳо мерафт ва ҳолу аҳволи онҳоро мепурсид. Вақте Маъсума шаҳид шуд, падараш, ки марди солеҳ буд, бо ороме гуфт, ки духтарам ҳадяи Худо буд ва ман ӯро ба Худо бахшидам.” “Маъсума ба ҳиҷоби аҳамият бисёре медод, дар деҳаи Ҷизанон сандӯқи қарзалҳасанаи дошт, ки барои ниёзмандон роҳандозӣ карда буд .”
“Васияташро рӯзи ҳодиса (ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сохтимони шишаии Садо ва Симо) навишта буд ва ман онро дар сумкааш ёфтам. Аз рӯзи шаҳодаташ то замоне, ки лоиқи пайвастан ба ӯ бошам , дуои ман талаб шаҳодат аст . Шаҳодат барои ватан ки ҳарам аст."
Ҷанги 12 рӯзаи таҳмилӣ, собит кард мудофеъони ватан танҳо онҳое, ки дар сангар низомӣ буданд, нестанд. Mетавон дар майдони набард набӯд, вале дар маҳали кор , дар хилоли зиндагии рӯзмарра шаҳид шуд. Тири нафрати душман пиру ҷавон , зану мард, кӯдаку навзод намешиносад .
Your Comment