9 Сентябр 2025 - 12:45
Source: ABNA
Фош шудани таҳдидҳои режими "Ҷавлонӣ" алайҳи хонаводаҳои сурӣ

Манбаъҳои огоҳ дар Сурия аз таҳдидҳои режими террористии Ҷавлонӣ алайҳи хонаводаҳои алавит парда бардоштанд.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Маълума, манбаъҳои огоҳ дар Сурия эълом карданд, ки режими террористии Ҷавлонӣ дар сояи фош шудани ҷиноёти ин режим алайҳи хонаводаҳои алавит, онҳоро таҳдид кардааст.

Бар асоси ин гузориш, тайи давраи ахир даҳҳо мавриди одамрабоӣ алайҳи хонаводаҳои алавит дар чанде аз шаҳрҳои Сурия ба вижа Бониёс, Ҷибла ва Лозиқия сабт шудааст. Унсурҳои террористӣ таҳти фармони Ҷавлонӣ контроли ин шаҳрҳоро ба даст доранд. Санаду мадорике вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад афроди рабудашуда ба минтақаҳои номаълум мунтақил шудаанд ва гурӯҳи таҳти фармони Ҷавлонӣ хонаводаҳои алавитро таҳдид карда, ки ин маворидро ошкор накунанд то дар амон бимонанд. Пештар, Дидбони ҳуқуқи башари Сурия бо интишори гузориши муфассале эълом кард, ки баъд аз гузашти 9 моҳ аз суқути низоми Башшор Асад дар ин кишвар то кунун, вазъияти дохилии ин кишвар ба самти субот ҳаракат накарда, балки халоъ ва бесуботӣ ваҷаб ба ваҷаби хоки Сурияро гирифта ва куштору ғорат дар аксари устонҳо ҳукмфармо шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha