Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Русия ал-Яум», артиши режими саҳюнистӣ дар як иқдоми бесобиқа атрофи хонаи Эйал Замир, раиси ситоди артиши ин режимро минтақаи низомии баста эълон кард.
Ин иқдоми Тел-Авив дар пайи ташдиди эътирозҳои сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ба хусус шаҳраки ишғолии Рамот Ҳашвайн дар маркази ин минтақа алайҳи идомаи ҷанги беҳосил дар навори Ғазза сурат мегирад.
Муътаризони саҳюнист бо баргузории тазоҳурот муқобили хонаи Замир деворҳои ин хонаро ба ранги сурх дароварданд то ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ишора кунанд.
Полиси режими саҳюнистӣ низ бо муътаризон бархӯрд карда ва дасти кам ҳашт нафар аз онҳоро боздошт кард.
Рӯзномаи «Едиот Аҳронот» гузориш дод, ки полис дар масири мунтаҳӣ ба хонаи Замир истоҳои бозрасӣ қарор додааст.
Your Comment